Вохӯрии вакили мардумӣ бо сокинони ноҳияи Ашт

 1 245 боздид

Имрӯз, 12 сентябри соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз ва шаҳраки Шайдон мулоқоту вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Баҳриддин Сафарзода, Солизода Абдувоҳид сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, Аскар Ҳабибов сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини  Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27- сол баромад намуда зикр дошт, дар ҷаҳон зиёда аз 1000 (ҳазор) миллату халқиятҳо бошад, ҳамагӣ наздик 200 (ду сад) миллату халқият соҳиби давлати мустақили худ, яъне соҳибистиқлол ҳастанд. Истиқлолият неъмати пурқимматтарин ва дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, ки туфайли заҳмат ва кӯшишҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун навҷавони 27-сола дар ақсои олам қомат боло карда, чун дигар кишварҳои мутараққӣ барои ҳалли муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ талош ва саҳмгузорӣ намуда истодааст.

Баҳриддин Сафарзода прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1, ҷиҳати татбиқ ва эзоҳи моддаҳои 401 (иловаи 1) ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, қайд кард, бар асоси эзоҳи моддаи 307, қисми 3, дар ҳолате, ки гумонбар ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар созмони фаъолиятааш манъшуда даст кашида, назди мақомот ҳозир шавад ва дар сурате, ки дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Дар охири вохӯрӣ сокинони ноҳия ба суолҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.