Вохӯрӣ ба хотири пешгирӣ аз ифротгароӣ

 774 боздид

Имрӯз дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт вобаста ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва  сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм,экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Файзуллозода Таваккал ва сокинони деҳаи Дӯстӣ иштирок карданд.

Файзуллозода Таваккал зимни вохӯрӣ гуфт, ки барои мубориза бо ин омили номатлуби ҷаҳонӣ бояд бетараф набуд. Барои пешгирии сокинон аз шомил шудан ба ин равияҳо ҳама дастҷамъона талош кунем ва барои суботи кишвар ва минтақа саҳмгузор бошем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.