Вохӯрӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 14356“б”-и ноҳия

 1 606 боздид

Имрӯз, 23 феврал бахшида ба “Соли 2017-Соли ҷавонон” ва таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии 14356“б”-и ноҳияи Ашт вохӯрӣ бо афсарону сарбозон доир гардид.

Дар вохӯрӣ Обода Ашурова,  мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ таҳният гуфта, иброз дошт: “Равшантарин изҳори ватандӯстӣ хизмат кардан ба Модар-Ватан мебошад. Итминони комил дорам, ки  Шумоён  афсарону сарбозони шуҷоъ дар назди халқу Ватан рисолати азалии худро, ки ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкими сулҳу субот, якпорчагии Ватан аст иҷро менамоед ва ба савганди ёд намудаи худ содиқ монда сарбаландона хизматро  ба охир мерасонед”.

Дар ин рӯз сарбозон ба волидони худ занг зада суҳбат намуданд. Мақсад аз вохӯрӣ шинос шудан аз шароити зисти сарбозон арзёбӣ шуд.


Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.