Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Қаҳрамон

 1 134 боздид

1 феврали соли ҷорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинон, соҳибкорон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодоба вохӯрӣ доир намуд.

Тавре Озодалӣ Шодиев раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба иттилоъ дод, мақсад аз вохӯрии мазкур ин саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар рушду ободонии ноҳия, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои дар гардиши кишоварзӣ набуда ва тоза кардани маҳал аз партовҳо  мебошад.

Дар охир роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода таъкид дошт, ки ҳар як дархости сокинон ба инобат гирифта шуда, барои татбиқи он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.