Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ошоба

 762 боздид

Бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар Ҷамоати деҳоти Ошоба оид ба бекоршавии ақди никоҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва фарҳанги либоспӯшӣ, муҳоҷират, пешгирии зӯроварӣ дар оила бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Обода Каримӣ, мудири бахши муҳоҷират, Назарова Нодира иштирок доштанд.

Тавре ба мо Обода Каримӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иттилоъ дод, мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин пеш аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, кам кардани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва фарҳанги либоспӯшӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия гузаронида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.