Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шодоба

 823 боздид

Бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар Ҷамоати деҳоти Шодоба оид ба бекоршавии ақди никоҳ, ҳодисаҳои номатлуб ва фарҳанги либоспӯшӣ, бо сокинон вохӯрӣ доир намуд.

Тавре ба мо Обода Каримӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иттилоъ дод, мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин пеш аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, кам кардани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва фарҳанги либоспӯшӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар маҳаллаҳои Сероба, Ҷавонӣ, Исмоили Сомонии Ҷамоати деҳоти Шодоба гузаронида шуда, ба иттилои манбаъ чунин вохӯриҳо дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия гузаронида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.