Чи тавре иттилоъ дода будем, баҳри густариш бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ — иқтисодии аҳамияти маҳаллидошта ва мустаҳкам намудани робитаи зич бо мардум, сафарбар намудани аҳолӣ ба ободкорӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода пайваста бо фаъолону сокинон, дар маҷмӯъ аҳли ҷамоатчигӣ силсила мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.
Дар ин росто, маврид ба зикр аст, ки дар корҳои ободии меҳан ва маҳал саҳми сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук назаррас буда, азм доранд дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои арзандаву шоиста 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз гиранд.
Ин навбат дар ҳамовозию пайравӣ ба иқдомҳои созандаи роҳбарияти ноҳия ва ободкориҳои ҳудуди шаҳраку деҳа, маҳаллаву кӯчаҳои ноҳия, сокинони маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Пунук ташаббус пеша намуданд, ки роҳи асосии пайвасткунандаи Ҷамоати деҳоти Пунук ва Ориёни дар роҳи ҳамшафат қарордоштаро бо асфалти гарм мумфарш намоянд.
Бо ташриф ва мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинон ва бунёдкорони роҳ ба корҳои мумфаршкунӣ дар ин маҳал оғоз карда шуд.
Мумфаршкунии роҳ дар ин мавзеъ зиёда аз 1 километрро дарбар гирифта, иловатан боз азм доранд роҳҳои дохилии маҳалла мумфарш карда шаванд.
Соли 2024 аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва мардуми маҳал 3,6 километр роҳҳои маҳалливу дохилиро бо асфалти гарм мумфарш (вазни қиёсӣ нисбат ба маҷмӯи роҳҳои дохиливу маҳаллии мумфаршшудаи 9-ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 2,0 фоизро дарбар гирифтааст) намуданд ва ин иқдом низ соли ҷорӣ бо муташаккилии аҳли мардуми ҷамоат ҷараён дорад. Ба санаи ҳисобии соли 2025 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пунук 6 километр роҳҳои маҳалливу дохилиро бо асфалти гарм мумфарш (вазни қиёсӣ нисбат ба маҷмӯи роҳҳои дохиливу маҳаллии мумфаршшудаи 9-ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 18,7 фоизро дарбар гирифтааст) намуданд, ки аз вусъати корҳо дар ин самт шаҳодат медиҳад.
Баъдан аз бино ва инфрасохтори бунёдшавандаи муассисаи томактабӣ дар ҳудуди ҳамин маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Пунук, ки дар наздикии МТМУ №45-и ба номи Қ.Анваров қарор дорад, дидан намуданд.
Иттилоъ медиҳем, ки ин муассисаи томактабӣ солҳои пеш аз фаъолият боз монда буд ва имрӯз аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муяссаров Шарифҷон Зоҳирҷонович иқдом пеша карда шуд, ки бинои муассисаро тибқи талаботҳои соҳа азнавсозӣ ва инфрасохтори онро бунёд намуд. Бо азнавсозӣ ва бунёди инфрасохтор хурдсолони маҳал ба тарбияву таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сарҷамъию ташаббусҳои фаъолон ва мардуми Ҷамоати деҳоти Пунук, ҷумла сокинони маҳаллаи Навбунёд баҳои арзанда ва изҳори миннатдорӣ намуда, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар ин самт иброз карданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ