Санаи 30 декабри соли равон дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо иҷлосияи бистуякуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор шуд.
Баъди тариқи зинда иҷро намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот, тасдиқи рӯзнома ва дастури корӣ иҷлосия ба кори худ оғоз кард.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома “Ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти МИҲД-и ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2019” ба самъи аҳли толор расонида шуд, ки матни муфассали ҳисобот дар рӯзномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” расонаӣ шудааст.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар маърӯзааш тариқи муфассал ҳамаи самтҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюм “Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2020 ва иҷрои он дар соли 2018” иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳия Ҳ.Негматов маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, лойиҳаи буҷети давлатии миёнамуҳлат барои солҳои 2020-2022 бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона мегардад. Ҳаҷми даромади буҷети ноҳия барои соли 2020 вобаста ба нишондиҳандаҳо, тибқи муқаррароти Қонунҳои ҶТ “Дар бораи молияи давлатӣ”, “Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” Кодексҳои андозу гумрук таҳия гардида, ҳаҷми он дар соли 2020 ба маблағи 51 млн.704 ҳ.с. пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли равон 6 млн.567 ҳ.с. зиёд буда, афзоиши он 114,5 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, дар соли 2020 маблағи мусоидати молиявӣ (субвенсия) 50 млн.498 ҳ.с ё 57,1 %-и хароҷоти маблағҳои буҷетиро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, лойиҳаи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2020 ва буҷети соли 2018-ро аз рӯйи даромад ба маблағи 69 млн.779 ҳ.488 сомонӣ ва хароҷот ба маблаҳи 69 млн.681 ҳ. 750 сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот дастгирӣ ва тасдиқ карда шуд.
“Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони хадқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон”—чунин буд масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия, ки иштирокчиён маърӯзаи муфассали раиси комиссия А.Имомовро шуниданд. Қайд карда шуд, комиссия ба масъалаи риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Дар бораи риоя нашудани баъзе аз нуктаҳои қонуни танзим, бахусус вақти гузаронидани маросими азо (бист, чил, рӯзи ҷумъагӣ), бо сарфи зиёд гузаронидани маросими хатнатӯйҳо, аз ҳад зиёд харидорӣ намудани асбобу ашё барои арӯс, оростани хонаи арӯс сухан гуфта шуд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия масъулин ва дастандаркорон ҷиҳати рафъи камбудиҳо супориш гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаи чорум ширкаткунандагон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Қуруқ №7 Абдураҳмонов Паҳлавон Муъминовичро дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш шуниданд.
Тибқи масъалаи панҷуми рӯзнома: “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида” иҷлосия иборат аз 9 банд қарор қабул кард. Аз ҷумла, қарор намуд, меъёрҳои андозҳо аз молумулки ғайриманқул, тибқи боби 41-и Кодекси андози ҶТ аз 1 январи соли 2020 татбиқ карда шавад. Ба МИҲД-и н.Ашт ва Нозироти андоз барои аз нав баҳисобгирии рекламаҳои мавҷуда то санаи 1 марти соли 2020 ва ҳамзамон ҷойгиркунии минбаъдаи рекламаҳои берунӣ тибқи қарору қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ супоришҳо дода шуд.
Вобаста ба масъалаи шашуми рӯзнома “Дар бораи тасдиқ намудани натиҷаи корҳои заминсозӣ оид ба муайян намудани хатти сарҳади марзиву маъмурии ш.Шайдони ҷ.ш.Шайдон” иҷлосия қарор намуд:
1.Гузариши хатти сарҳади марзи маъмурии ш.Шайдони н.Ашт мувофиқи навиштаҷот ва нақшаи замимашуда тасдиқ карда шавад.
2.Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод карда шавад.
Тибқи масъалаи дигари рӯзнома “Дар бораи номгузорӣ намудани кӯчаи қисми поёнии маҳаллаи Ҷ.Расулови ҷ.ш.Шайдон ба номи иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ Ҳакимов Кенҷа Муроҷиддинович” муовини Раиси ноҳия А.Ҷалилӣ баромад намуд ва қарори он барои баррасӣ ба Маҷлиси вакилони пешниҳод карда шуд.
Баъдан иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуд.
Дар кори иҷлосия Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳ.К. иштирок ва баромад намуд.
Бо ҳамин, баъди иҷроиши Суруди миллии ҶТ иҷлосияи бистуякуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.
Т.МИСРОБӢ