Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 сола шуд

 2 405 боздид

Имрӯз, 28 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, 90-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромади худ ба муносибати таҷлили 90 солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки касби оташнишонӣ басо касби пурмашшақату пуршараф буда, кормандони ин соҳа ҳамарӯза баҳри аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани молу амвол ва ҳаёти инсон мубориза мебаранд ва баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва молу мулки онҳо ҳаёти хешро дареғ намедоранд.

-Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар натиҷаи фаъолияти фаврию саривақтии ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия амволи хоҷагии халқ ва молу мулки шаҳрвандон ба маблағи 985 ҳазор сомонӣ аз сӯхтор наҷот дода шуд.

Сулаймонзода Насим, сардори Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти ноҳия арзи миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ таърихи 90 сола дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 июли соли 1928 аввалин дастаи оташнишонӣ ташкил ёфтааст, ки минбаъда ин сана ҳамчун иди касбии оташнишонӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар тӯли таърих кормандони ин соҳа бо наҷоти одамон ба сӯхторҳои даҳшатангез рӯ ба рӯ шуда, сарбаландона  вазифаи ҷонии худро иҷро намудаанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба кормандони соҳаи оташнишонӣ дар ноҳия таъкид дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар хоҷагии халқ, мавзеъҳои аҳолинишин, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саъйу кӯшиш намояд.

Дар охир аз тарафи Роҳбари МИҲД-и ноҳия, сардори ШВКД дар ноҳия ва Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт, як қатор кормандони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар панҷ соли охир бо дастгирии РХДО-и вилояти Суғди СХДО ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ашт 2 адад нақлиётҳои оташнишонии махсус бо тамоми таҷҳизоти ва дастгоҳҳои зарурӣ тақдим карда шуда, беш аз 20 нафар дар ин соҳа кору фаъолият доранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.