Хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон: «Захм»-и кӯҳна «даво» дорад?

 855 боздид

Дар чаҳор моҳи гузашта дар Қазоқистону Қирғизистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ ва наздик ба Тоҷикистон, пешниҳоди сахттар кардани ҷазо барои хушунати хонаводагӣ ё зӯроварӣ дар оила садо дод. Чун ба қавли мақомоти Қазоқистон, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар бораи хушунати хонаводагӣ 130 ҳазор ариза гирифтанд ва бар асоси он дуним ҳазор парвандаи ҷиноӣ кушоданд.
Вакилони порлумони он кишвар ният доранд, ки гунаҳкорони хушунати хонаводагиро ба корҳои ҷамъиятӣ ва то 20 рӯзи ҳабс ҷалб кунанд. Ба ин монанд вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Пирматов дар моҳи июни имсол гуфт, барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст.
Бино ба он “гумонбарони хушунати хонаводагӣ ҳатто дар сурати созиш ва сулҳи ҷонибҳо аз ҷавобгарӣ озод карда нашаванд. Ҳамчунин ҷазо дар шакли ҷарима бардошта шуда, ҷалб ба корҳои ислоҳотӣ ва ҷамъиятӣ боқӣ бимонад.”
Дар ин кишвари Осиёи Марказӣ танҳо дар се моҳи аввали имсол 2,5 ҳазор ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт шудааст ва 95 дарсади қурбониён занон будаанд.
Ба иттилои расмӣ, мавридҳои хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба Қирғизистону Қазоқистон хеле кам будааст, вале ба монанди захмест, ки дер ё зуд шифо ёбад.
Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи аввали имсол вобаста ба амалҳои зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон 310 арзу шикоят санҷида шудааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019-ум 42 ҳолат камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки созмони Human Rights Watch соли 2019 дар гузориши «Хушунат дар ҳар сари қадам» гуфта буд, зӯроварӣ ба зан дар Тоҷиикстон мушкили ҷиддӣ мемонад, «аммо ҳукумат барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад».
Дар он гузориш қурбониёни хушунат дар хонавода дар Тоҷикистон шикоят карда буданд, ки онҳоро «таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ё бо дарзмол ба рӯяшон мезананд».
Дар Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 омадааст: “Ҳанӯз дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилҳое ҷой доранд, ки ҳалли худро тақозо менамоянд. Яке аз онҳо то ҳанӯз ҷой доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, инчунин зӯроварӣ нисбат ба занон, фарзандони онҳо ва пиронсолон дар оила мебошад.»
Як нигаронӣ ҳамоно дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки занон дар аксар вақт гапи хонаро ба кӯча намебароранд ва ҳар гуна хушунатро таҳаммул мекунанд.
Моҳтоб 40-сола аст ва се фарзанд дорад. Мегӯяд, дар бештар аз бист соли зиндагӣ борҳо мавриди зарбу лат қарор гирифт, вале ба ҷое шикоят накард.
“Ҳамеша дар хона баҳс доштем. Бисёр вақт шавҳарам рашк мекард. Баъзе вақт баҳона пеш меовард, ки гуё ба наздиконаш беэҳтиромӣ мекунам ва мезад. Солҳои аввали зиндагӣ ба ин фикр будам, ки каме сабр кунам, ҳамааш мегузарад. Баъдан соҳиби кӯдак шудем. Вазъият дигар нашуд, вале ман пойбанди оила мондам. Акнун фикр мекардам, бо кӯдакон ба куҷо меравам ва ҳамаро тоқат мекардам”, — нақл кард ӯ.
Бар асоси таҳқиқе, ки соли 2016 бо мусоидати Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом шудааст, 97 дарсади мардон ва 72 дарсади занон гуфтаанд, барои ҳифзи оила занҳо бояд ҳаргуна ҷабрро таҳаммул кунанд.
Равоншиносони маркази занони «Гулрухсор” соли гузашта чаҳор сабаби онки чаро ҷабрдидаҳо аз дасти зӯровар худро халос намекунанд, чунин баён карда буданд:
— Тарс аз зӯроварӣ ва зӯровар,
— Набудани ҷойи истиқомати бехатар барои ҷабрдидагон,
— Надоштани имконияти бо кор таъмин шудан ва набудани дастгирии молиявӣ (хусусан барои ҷабрдидагони кӯдакдор),
— Ба таври кофӣ вуҷуд надоштани кӯмаки ҳуқуқии дастрас барои ҷудо шудан, барои ҳабс намудани шахси зӯровар, маҳдуд намудани амалҳои ӯ.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Банди бистуми Нақшаи миллӣ ба “Зӯроварӣ нисбат ба занон” рабт дорад.
Бино ба он, афзоиш додани ҳуҷраҳои корӣ оид ба пешгирии хушунат дар оила, гирдоварии маълумоти оморӣ оид ба ҳолатҳои хушунат дар оила, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ-таълимӣ, омодасозии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии хушунат дар оила таъкид шудааст.
Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, як мушкили асосӣ он аст, ки дар Тоҷикистон хушунати хонаводагиро ҳамчун ҷинояти хос ҳисоб намекунанд ва гунаҳкорон барои зарбу лат ҳамла ва озори равонӣ ҷазо намегиранд.
Намояндагони мақомот мегӯянд, дар қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ на ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ пешбинӣ шудааст.
Соли 2016 чанде аз кишварҳо дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки дар Кодекси ҷиноӣ як банди алоҳидаро вобаста ба зӯроварӣ дар оила пешбинӣ кунад. Тоҷикистон ин тавсияро қобили қабул медонад ва як гурӯҳи корӣ ин масъаларо марвиди омӯзиш қарор додааст.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон ҳашт сол пеш қонун дар бораи зӯроварӣ дар оиларо қабул кард, ки бар асоси он, зӯроварӣ дар оила «кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ» дониста шудааст.
Дар моддаи 25-уми қонун гуфта шудааст: “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.”
Аммо ҳар вақте ки масоили хушунат дар оила пеш омад, бисёриҳо ба хурофот ва бархӯрди дин бо занон ишора мекунанд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зӯроварӣ ва хушунат дар оиларо “ҳамчун яке аз зуҳуроти иҷтимоӣ бо пайомадҳои нохуш” донистааст.
Ин шӯро мегӯяд, “таъсиру оқибатҳои манфии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ҳарчанд барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ маълуманд, пайомадҳои ин зуҳурот дар ҷомеа аксар вақт нодида гирифта мешаванд ва ё зӯроварӣ дар оила ҳамчун мушкилоти дохилии оила баҳо дода мешавад.”
Илова ба ин, бахше аз рӯҳониён бовар доранд, ки аз хушунат дар оила натанҳо занон, балки кӯдакон ҳам зарбаи сахти равонӣ ва ҷисмонӣ мебинанд.
Абду Ҳақназаров, рӯҳонии тоҷик, дар як мақолааш дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон навиштааст, “зӯроварӣ ва хушунат ҳатто агар ба кӯдак нигаронида нашуда бошад ҳам, ҷой доштани ин амал дар муҳити хонаводагӣ ба раванди инкишофи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Зиёд мушоҳида мешавад, ки дар фазои хушунатбори оила аксар вақт кӯдакон модарони худро аз зӯроварии падари хонадон ё дигар аъзои хонаводаи падар (хушдоман, хоҳаршӯй…) ҳифз намуда, худ мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд.”
Ҳамон тавр, ки маъулм шуд, кам ё зиёд ҳама вуҷуди мушкилро эътироф мекунанд. Танҳо роҳи ҳалли он мондааст, ки маълум нест онро зану шавҳар ба танҳоӣ ё бо кумаки аъзои дигари оила ҳал кунанд, ё ҷомеа, рӯҳониён ва ҳукумат?

Сайидо ШОДӢ

Уктам РИЗОЕВ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.