Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид

 2 211 боздид

26 апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашт, Зоҳидзода Алиҷон Олимҷон сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва кормандони муассисаву ташкилотҳои ноҳия иштирок намуданд.

Дар иҷлосия Толибҷон Маҳмудов раиси комиссияи интихоботии ноҳиявӣ баромад намуда аз ҷамъбасти интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт дар ҳавзаи интихоботии Ҷӯрабой Мӯъминов №1 гузориш дод.

Теъдоди умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии Ҷ. Мӯъминов №1 1999 нафар буда, дар рӯзи баргузории интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт 1850 нафар иштирок намуданд. Ба тарафдории номзад аз ин ҳавза 1695 нафар овоз доданд, ки 91,6 фоизи овозро аз миқдори умумӣ ташкил медиҳад,-иброз дошт раиси комиссияи интихоботии ноҳиявӣ.

Баъдан муовини раиси ноҳияи Ашт Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода баромад намуда, ба ҳозирин оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 таҳти №480 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” гузориш дод.

Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода иброз дошт, ки бо назардошти мавқеву нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон, чун ояндаи миллат ва давлат аҳамияту тавваҷҷуи хоса зоҳир намуда истодаанд. Дар ин радиф Қарори раиси ноҳия аз 20 январи соли 2012, таҳти №7 дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” тасдиқ гардидааст, ки он бо мақсади амалӣ намудани тадбирҳо дар самти ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқии ҷавонон, солимии ҷавонон, инкишофи намудҳои оммавии варзиш, туризм, ташаббуси ҷавонон, иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон, таҳсилот ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд, таъмини меъёрию ҳуқуқӣ ва илмӣ равона гаштааст.

Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 54 ҳазору 170 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 26 ҳазору 957 нафар ҷавонписарон ва 27 ҳазору 213 нафари онҳо ҷавондухтарон мебошанд. Дар маркази вилоят аз ноҳияи Ашт дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва касбӣ 3 ҳазору 711 нафар донишҷӯ ва дар шаҳри Душанбе 530 нафар ҷавонон таҳсил доранд,-иброз намуд Ҷалилӣ А.

Дар охир бо тарафдории 40 нафар вакил ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ тасдиқ гардид.

Хотирасон менамоем, ки 26 феврали соли 2017 интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт баргузор гардида буд, ки дар он аз ҳавзаи интихоботии Ҷ. Мӯъминов №1 Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ  номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардида буд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.