28 октябр заркорони ноҳияи Ашт бо ҷамъоварии беш аз 15500 тонна «тиллои сафед» нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо «Муждаи зафар»-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид. Роҳбари вилоят кулли деҳқонони ноҳияро, ки шабонарӯзӣ заҳмат кашида, барои ғанигардонии хирман саҳми назаррас гузоштанд, бо иди зафар табрик намуд.
Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашт дар беш аз 6180 гектар пахта кишт шуда, бо ташкили дурусти кор ва ҷалби ҳашарчиёну чинакчиён нақшаи пешбинишуда иҷро гардид. Кишоварзони меҳнатдӯсти ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ аз оғози мавсим ҳамарӯза то 450-500 тонна пахта чида, бо сарбаландӣ уҳдадориҳои худро иҷро карданд.
Дар ноҳияи Ашт дар 1040 хоҷагии деҳқонӣ парвариши пахта ба роҳ монда шуда, кишоварзон навъҳои тухмии маҳаллӣ ва туркиву чиниро истифода намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ашт дуввумин ноҳияи вилоят аст, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд. Қабл аз ин заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта мужда расонида буданд.