Албатта симои воқеии инсон, киву чӣ будани вай дар меҳнат зоҳир мешавад. Нурулло Ҳувайдуллоев тавассути хониши аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ,ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ сазовори боварӣ ва ҳурмати ҳамдарсон ва муаллимонаш гардид. Аз ин сабаб, ӯро пас аз донишгоҳ ба прократураи республикавӣ ба кор гирифтанд. Баъди 12 соли кор дар мақомҳои прократура ва суди кишвар соли 1974 вайро ба шуъбаи маъмурии ҳукумат даъват карданд. Баъди шаш сол, пас аз санҷидану қавъӣ кардани эътимод ба покдилии инсонӣ ва касбиаш ӯро барои таҳсил ба Академияи илмҳои ҷамъиятии СССР ба шаҳри Москав фиристоданд.Вай дар зарфи се сол дониш андӯхт ва рисолаи илмӣ навишта, онро дифоъ карда ба Ватан баргашт.
Аз соли 1983 сар карда дар мақомоти олии сиёсии кишвар, дар КМ ҲКТ ҳамчун масъули соҳаи ҳуқуқ кор кард. Дар ҳамин ҷо мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки вай мутахассиси баландмақом, доно, ғамхор, ҳақиқатгӯю ҳақиқатпараст аст. Ба вай эътимод карданд.
Гардишҳои муҳими сиёсӣ шахсиятҳоро ба миён меоранд. Замони Нурулло Ҳувайдуллоев ҳам ба чунин давраҳо рост омад. Охири солҳои ҳаштодуми асри ХХ дар натиҷаи сиёсати ноандешонаи Горбачев дар ҷомеаи шӯравӣ ихтилофҳои шадиди сиёсӣ ба амал омаданд, ки оқибаташ фанои давлати пуриқтидори собиқ буд. Дар ин солҳо, Н.Ҳувайдуллоев дониши илмӣ ва малакаи кориашро барои он истифода мебурд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ гирифта шавад, ҳар амал ба чорчӯби қонун мувофиқ ояд. Ин рӯҳия ва одоби ӯро ҳам ҳукуматиҳо ва ҳам нерӯҳои нави сиёсӣ медонистанд, барои ин эҳтиром мекарданд ва аз дониш ва имконоти вай истифода бурдан мехостанд.
Аввалин бор номи Нурулло Ҳувайдуллоев дар рӯзҳои воқеаҳои баҳманмоҳи хунин (11-17 феврали соли 1990) ба забонҳо омад, ба истиллоҳи имрӯза расонаӣ шуд. Мудҳиш, ғамноку ғамбор, пурпечу фоҷиаангез буданд, он рӯзҳо. Ҳаво мегирист, дару девор мегирист, аммо одамон қудрати гиря надоштанд. Шаҳр пур аз овоза, байни ҳақу ноҳақ, дӯсту душман, гӯё фарқ сутурда шуда буд. Кас намедонист ба киву чӣ бовар кунад: на ба матбуот эътиқод монду на ба суханони “шоҳид”. Зеро як воқеаро даҳ шоҳид даҳ хел тадбир мекард, як воқеаро тавре нақл мекарданд, ки гӯё дар даҳ ҷо сар задааст. Воқеаҳоеро нақл мекарданд,ки агар аз ашхоси “шоҳид” ё “иштирокчӣ” пурсед, китф дарҳам мекашиданд.”(2. 201)
Ана дар чунин рӯзҳо нерӯҳои ба истиллоҳ “демократӣ”, ки ҳукуматро нав карданӣ буданд, баҳонае сохта кишварро ба моҷаро кашиданд, бо роҳбарияти мамлакат созишномае баста, ба муҳлат ва шароити татбиқи он сарфаҳм нарафта, дар пойтахт ҳолати анархияро ба миён оварданд. Онҳо ки обро лойолуд карда моҳӣ гирифтан мехостанд, аҳли ҳукуматро дар муқобили ҳамдигар мегузоштанд. Ин гурӯҳ ба рӯихати аъзои нави эҳтимолии Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон номи Ҳувайдуллоевро ҳам дохил карда, он рӯихатро дар пленуми ҲК як шахси ғайри коммунист пешниҳод намуд. Шояд онҳо дар шахси ӯ Раиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистонро диданӣ буданд, ё нияти дигаре доштанд. Ба ҳар ҳол дар рӯзҳои пленумҳои моҳи феврали соли 1990 савол пайдо шуд, ки вай – корманди баландмақоми КМ ҲК чаро ба назди табаддулотчиён рафт. Он ҳолатро, ки ба назди “табаддулотчиён” вай чаро омада буд Н. Табаров – вазири фарҳанги вақт дар Пленуми ҲК чунин фаҳмонд: “ на барои тайёр кардани лоиҳаи Фармон (Дар бораи Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъин кардани Б.Б.Каримов –И.У.), балки барои маслиҳат даъват кардем. Зеро Н. Ҳувайдуллоев дар Кумитаи Марказӣ мутасаддии масъалаҳои қонун мебошад” (2.247)
Дар бораи мавқеъ ва ҷасорати Н. Ҳувайдуллоев ва авзои онрӯза дар суханони дар Пленумҳои ХVII ва ХVIII ҲК гуфтааш далолат медиҳанд:” пурсид, ки фикри ман дар бораи муттаҳид кардани ду ҳокимият чист. Гуфтам, ки ин хилофи қонун аст. Барои таъин кардани Раиси Шӯрои Вазирон бояд Президиуми Шӯрои Олӣ ва бюрои КМ ҲКТ даъват карда шаванд… Лоиҳаи Указро бе ман омода кардаанд… Ман фаҳмондам, ки ба ин хел ҳуҷҷат фақат Паллаев имзо гузошта метавонад, на каси дигар.
Агар шумо ӯро (Б.Б. Каримовро.– И.У.) дар он лаҳза медидед, вай худро ҳамчун сарвари ҳукумат нишон медод.Таъбаш чоқ, дилхуш ва рӯсурх буд.” Он рӯз аслан ҳамаи роҳбарони ҷумҳуриро иваз карданӣ буданд. Бино бар ин, мувофиқи хоҳиши онҳо Н. Ҳувайдуллоев фаҳмонд, ки масъалаи Қ. Маҳкамовро бояд Пленуми КМ, масъалаи Ғ. Паллаевро сессияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ҳал кунад.
Ҳувайдуллоев ҳамчун шахси масъул корро нимкола гузошта наметавонист. Бинобар ин, қарор дод, ки ба котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон, Г.Г. Веселков, ки соҳаи ҳуқуқро назорат мекард, масъаларо фаҳмонад. Аммо ин корро алакай раиси шаҳр М.М. Икромов анҷом дода буд.
Вақте вазъият ба низом медаромаду тафтиши аввал ба охир расид, Пленуми КМ ҲК Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кард, иддае аз иштирокчиёни он Н. Ҳувайдуллоевро ҳам гунаҳкор карданӣ шуданд, Ҳатто суоле шуд, “ба Шумо кадом вазифаро ваъда доданд?” ва ҷавоб шуниданд: “Хоҳишмандам таҳқир накунед. Касе ба ман вазифаеро пешниҳод накардааст.” Ва дар ҷавоби дигаре гуфт: “Ман ҳама чизро фаҳмондам. Хоҳ бовар кунед,хоҳ не, ин кори шумо.”
Н. Ҳувуйдуллоев вазъияти душвори баамаломадаро мефаҳмид,шубҳаҳоро низ дақиқ дарк мекард, аммо мисли онҳое,ки иғворо хезонда ҳоло найрангро ба кор меандохтанд,дурӯғ мегуфтанд, айбро ба дигарон мепартофтанд, лоба мезаданд, баҳонаковию воқеабофӣ намекард, ҳақиқатро мегуфт, зеро вай чизи аз ҳозирин пинҳонкарданӣ надошт.Бинобар ин, дар ҳамин ҳолат ҳам эҳтироми аксарият ба ӯ маълум шуда меистод. Ба ин савол таваҷҷӯҳ намоед: “Рафиқ Ҳувайдуллоев, мо Шуморо басо эҳтиром мекунем, мо Шуморо хеле хуб мешиносем.Вале чаро Шумо ин равандро боз надоштед, ба Каримов нафаҳмондед, ки ин корро кардан мумкин нест, он хилофи қонун аст?”.
Воқеаҳои феврал дар замони омодагӣ ба интихоботи навбатии Шӯрои Олӣ мегузашт. Дӯстон ба Ҳувайдуллоев маслиҳат доданд,ки дар ин шароит таваккал хатарнок аст, бинобар ин номзадиашро ба вакилии Шӯрои олӣ чун дафъаи гузашта аз ноҳияи Ғончӣ неву аз зодгоҳаш – ноҳияи Ашт гузорад. Ҳамин хел ҳам шуд.
Мо ду кас рӯзи 20 марти соли 1990, дар рӯзи 50-солагиашон барои табрикашон бо хонаашон рафтем. Дар муддате, ки он ҷо будем, боз як меҳмони дигар буду бас:
Рӯзи навмедӣ чу ояд, ошно душман шавад,
Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, давлат ҷудо душман шавад.
Ана ҳамин ҳел ҳуқуқшиноси варзида ба сиёсатмадор табдил ёфт. Вай акнун дар мақомҳои ҳизбӣ ё ҳукумат кор намекард, балки вакили Шӯрои Олӣ ва раиси комитети он буд.Дар соли душвори 1990, ки аз 14 феврал сар карда Тоҷикистон дар ҳолати қуюди шабгардӣ ва вазъияти фавқулода қарор дошт, дар мамлакат ошкору пинҳонӣ талошҳои сиёсӣ, динӣ, маҳаллӣ авҷ мегирифтанд ва хоҳу нохоҳ ҳамаи онҳо таъсире ба системаи давлатдорӣ доштанд, Нурулло Ҳувайдуллоев ба таври қатъӣ ва бе дудилагӣ дар посбонии ҳуқуқ, ҳимояи қонун қарор дошт.Дар ин ҷо вокеаеро ёдоварӣ кардан зарур аст. Яке аз муассисони ҳизби наҳзати исломи Иттиҳоди шӯравӣ Давлат Усмон баъди он ки дар Қафқози шимолӣ ва Ӯзбекистон ташкилотҳои ин ҳизброо ташкил дода, ба Душанбе баргашт, аввалин иқдоми расмиаш он буд, ки моҳи августи соли 1990 назди Н.Ҳувайдуллоев даромад ва онҳо ду соат дар мавриди ташкил шудан ё нашудани ин ҳизб дар Тоҷикистон суҳбат ва баҳс доштанд.Ҳувайдуллоев бо тамоми эҳтиром ба озодии фаъолияти сиёсӣ ва озодии виҷдон ба ҳамсуҳбаташ фаҳмондан хост, мисолҳои зиёде радду бадал шуданд, ҳар ду дар мавқеи худ монданд. Дар Иҷлосияи моҳи ноябри соли 1990 ақидаи Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода низ ба фикри Ҳувайдуллоев монанд садо дод. Ҳизб ташкил наёфт.
Ҳувайдуллоев, ки инсони замонавӣ ва мутахассиси тавоно буд, дарк мекард, ки ҷомеаи шӯравӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ эҳтиёҷ пайдо кардааст. Аммо ӯ медонист ва мегуфт,ки “ҷудоӣ ва парокандагӣ ҳаргиз ба дарди касе намехӯрад, бореро сабук намекунад, кореро ба сомон намерасонад”. Бинобар ин, вай аз ҷумла, дар суроғи роҳе ҳам буд, ки иттиҳоди халқҳоро мустаҳкамтар намояд. Зеро равшан медид, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати бозсозӣ ва дар партави он ба миён омадани шовинизм, дардҳои кӯҳнаи миллию маҳаллӣ аз нав рӯй мезананд, одамон аз нобаробариҳои рӯзгор ба хашму ғазаб омада, ба ҳамдигар дар меафтанд. Дар натиҷа аз моҷарои оддӣ низои миллӣ бармехест.
Бо дарки ин ҳақиқати ҳоли замон, аз ҷумла аз мушоҳидаи воқеаҳои моҳи феврал, ки мутаассифона ҳатто то имрӯз, дар панҷяки аввали асри ХХ1 ҳам ҳақиқати онро пурра намедонем ва нагуфтаем, аз талоши исломиҳои Тоҷикистон, ки пас аз дар Астрахан ташкил додани Ҳизби наҳзати исломи Шӯравӣ дар моҳи июни соли 1990 кӯшиши дар Тоқикистон ба қайд гирифтани созмони онро доштанд ва Иҷлосияи Шӯрои Олӣ моҳи декабри соли 1990 эътирофи онро қатъан манъ кард, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ роҳи ҷудоиро пеш гирифтанд, Нурулло Ҳувайдуллоев ҳам дар Иҷлосияҳо, ҳам дар ҷамъомадҳои корӣ ва мулоқотҳо бо интихобкунандагон ба таври боваринок он андешаро таъкид ва ҳимоя менамуд, ки Тоҷикистон бояд давлати демократӣ, дунявӣ ва дар асосҳои соҳибихтиёрӣ ҷузъи давлати ягонаи шӯравӣ монад. Дар мусоҳибааш бо мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” Н.Рӯзиматов 30 декабри соли 1990 аз ҷумла ду чизи ниҳоят муҳимро таъкид намуд:
“Ватани ягона ва хонаи умедамонро бо ақлу хирад ва меҳнати бунёдкоронаамон пойдору мустаҳкам гардонем. Вагарна ҳар қадами мо ба қафо оқибатҳои ислоҳнопазир дошта метавонад… Ҳамаи ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол бо роҳи комилан ихтиёрӣ ба шартномаи Иттифоқ имзо гузошта, давлати муқтадиру тавоноро ташкил мекунанд.”
Ин андешаи депутат, ҳуқуқшинос алакай ба пояҳои ҳуқуқӣ такя мекард. Тавре маълум аст, дар соли 1990 “бозсозҳо” ба вайрон кардани пояи давлати мавҷуда шурӯъ карда буданд. Ҳизби ҳоким барҳам хӯрд, системаи Президентии Анҷумани вакилони халқ, ки аслан ваколате надошт, таъсис ёфт, ҷумҳуриҳои алоҳида аз иттифоқ баромаданд, системаи ҷаҳонии сотсиализм аз байн рафт.Ҳувайдуллоев кӯшиш мекард,ки дар чунин шароит барои Тоҷикистон роҳи мувофиқтари пешрафтро дарёбанд, зеро талошҳои боҳамии ҷумҳуриҳои пуриқтидортар сабаби талафотҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоқикистон шуданашон аз эҳтимол дур набуд. Аз ҳамин сабаб куматаи онҳо ба иҷлосия моҳи августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро пешниҳод намуд. Барои он ки дарк шавад, ин ҳуҷҷат чист ҳамин қадар мегӯем барои тайёр кардани он Ҳувайдуллоев олимони беҳтарини ҷумҳуриро гирд овард, онҳо якҷоя даҳ варианти Эъломияро тайёр ва баррасӣ намуда, барои муҳокимаи Иҷлосия пешниҳод карданд. Дар ҳамин ҳолат ҳам олимоне ба истифодаи мафҳуми “давлати сермиллат” дар ҳуҷҷат зид баромаданд. Ба вай боз зарур омад фаҳмонад, ки Тоҷикистон воқеан кишвари сермиллат аст ва дар ин ҷо ҳамроҳ бо тоҷикон ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва халқҳои дигар зиндагӣ мекунанд ва вазифаи мо аст, ки ҳуқуқи онҳо низ риоя ва ҳимоя шавад, агар мо намехоста бошем, ки ҳуқуқи тоҷиконро дар кишварҳои дигар поймол кунанд. Ва суханашро қабул карданд.
Ин Эъломия дар таърихи мо Эъломияи истиқлолияти нисбӣ ном гирифтааст, зеро дар он Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ қисме аз ваколатҳояшро ба ҳукумати марказии Иттифоқ медод, аз ҷумла муҳофизати бутунии ҳудуди мамлакат, робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, масъалаҳои экология ва муҳити зист…
Аҳамияти ин Эъломия дар он ҳам ҳаст, ки дар солҳои 1990-1991 нерӯҳои мухолифи шӯравӣ талошҳои пай дар пайе доштанд, барои барҳам шикастани давлат. Масалан ин гуна талош соли 1990 дар Анҷумани чоруми вакилони халқи мамлакат сурат гирифт Дар он вақт масъалаи нигоҳ доштани СССР ба сифати федератсияи навшуда ба баррасӣ гузошта шуд. Аз кулли вакилон танҳо 30 кас бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд. Эъломияи Тоҷикистон рӯҳияи аксарияти Анҷуманро ифода кард. Сониян, вақте зиддишӯравиҳо бо ин қаноат накарда, дар моҳи марти соли 1991 дар бораи зарур будан ё набудани СССР райъпурсӣ ташкил карданд, беш аз 70 фоизи аҳолии мамлакат тарафдори пойдории СССР буд. Ман ҳамроҳи Нурулло Ҳувайдуллоев ва профессори иқтисоди сиёсӣ Тошев дар ноҳияи Ашт нозири ин райпурсӣ будем ва дақиқ рӯҳияи шуравипарастии мардумро дарк кардем.
Дар соли 1990 байни роҳбари Тоҷикистон– Қ. Маҳкамов ва Н. Ҳувайдуллоев эътимод мавҷуд набуд ва ин аз бисёр ҷиҳат ба воқеаи моҳи феврали соли 1990 иртибот дошт. Ҳувайдуллоев дар Иҷлосияи моҳҳои ноябр-декабри соли 1990 номзадии Қ. Маҳкамовро ба президентӣ дастгирӣ накард вай ҳам дар ин ва иҷлосияи дигар тарафдори Прокурори генералӣ шудани Н. Ҳувайдуллоев набуд. Ҳамин тавр, дар солҳои 1990-1991 даврае фаро расид, ки дар муқобили вай ду қувваи мухолифи ҳамдигар-роҳбари давлат ва ҳизби наҳзат қарор гирифтанд ва ҳамчунон баъди воқеаи моҳи сентябри соли 1991 раиси шаҳри Душанбе ва пайравони вай, ки дар байнашон журналистон зиёд буданд, бо онҳо шарик шуданд.
Дар солҳои 1990-1991 сарфи назар аз душвории имконияташ Ҳувайдуллоев ҳамчун вакили маҷлис ва ё Прокурори ҷумҳури талош мекард,ки воқеаҳои моҳи феврал дуруст баҳо дода шаванд ва муносибати матбуот, махсусан матбуоти марказӣ ба ин рӯйдод ба таври ҷиддӣ арзёбӣ гардад. Прократураи ҷумҳурӣ як силсила мақолаҳоро, аз ҷумла “Зангулаҳои умед”, “Душанбе: баъд аз як сол”, ”Геносит-радифи бозсозӣ” тафтиш карда, ба хулосае омад, ки дар онҳо нисбати тоҷикону ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрифкориҳо ҷой доштанд. Дар ин бора прократураи Тоҷикистон ба иҷлосияи Шӯрои олӣ гузориш дод.
Дар мусоҳибаи Н. Ҳувайдулоев 16 августи соли 1991 дар ин бобат омадааст: “Бо сухан бозӣ кардан баробари оташбозӣ аст. Шоир гуфтааст: ”Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард. Ва хулоса, вақте он (сухан) аз минбарҳои баланд – рӯзномаҳои марказ бебунёд садо медиҳад, дил ба дард меояд.Ҳатто рӯзноманигорон гоҳо иқроранд, ки баъзе муҳокимарониҳояшон ба оташи низоъ руған мерезанд. Алҳол аз рӯи далелҳои мақолаҳои фавқулзикр қазияи ҷиноӣ кушодаем. Агар далелҳо тасдиқи худро ёбанд, муаллифон аз рӯи қонун ҷазо мегиранд.
Чанд сухан аз рафти тафтиш. Ду маротиба ба унвони Директори генералии ТАСС Сапожников барқия додем, ки мухбирашон Пономаревро барои суҳбат ба Душанбе равон кунанд. Ҳеҷ ҷавоб наомад. Дирӯз бо роҳбарияти ТАСС гуфтугӯи телефонӣ доштам. Онҳо тӯтивор як ҷавобро такрор ба такрор мегуфтанд.: “Пономаревро мо аз кор ҷавоб медиҳем”.Ҷои зисташро пинҳон медоранд, зарур шавад, бо ёрии милится ӯро пайдо карда, мӯйроаз хамир ҷудо мекунем.
Боз як нуқтаро таъкид карданиям. Сари роҳи танқидро ҳеҷ кас намегирад. Аммо шахс ё сокинони як водӣ ё як ҷумҳуриро беасос бадном кардан камоли бефарҳангист. Бибинед, чанде қабл рӯзномаи “Комсомолская правда” чӣ шӯре барангехт. Ба гуфти ин рӯзнома сабабгори асосии рух додани ҳодисаҳои мудҳиши февралӣ гӯё наврасону ҷавонони водии Кӯлоб бошанд. Чӣ тӯҳмати гӯшношунид.”
Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамеша ба ин ақида буд, ки Тоҷикистон “кадрҳои хуби соҳаи ҳуқуқро дорад” ба онҳо бовар кардан ва онҳоро дастгирӣ намудан лозим аст. Аз ҷои дигар зарурати овардани ҳуқуқшиносон нест.Ӯ гаштаю баргашта такрор мекард, менавишт ва мегуфт, ки “Ҳама дар назди қонун баробар ва адолати судӣ пойдор бошад, он гоҳ зиндагии оромро ташкил додан мумкин мешавад.”
Ва як чизи дигар.Душманони миллат, ки бо шиорҳои зебо сухан мегуфтанд, дар гуфтори ҷиддӣ, бурро ва бедурӯғи вай нерӯи тавоноро дида, ҳар рӯзу ҳар бор баҳонае ёфта мардумро ба муқобили ӯ шӯронидан мехостанд. Масалан, моҳи августи соли 1991 аз худ бофтанд, ки гӯё Ҳувайдуллоев ГКЧП-ро дастгирӣ кардааст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки дар мавриди воқеаҳои 19-21 августи соли 1991 ба касе чизе нагуфта, дар маъракае сухан ё дар матбуот фикр баён накарда буд.
Мухбирон-ҷорчиёни нерӯҳои ба истилоҳ демократӣ, росту дурӯғ ҳарчи мегуфтанду менавиштанд. Бинобар ин, дар моҳи декабри соли 1991 ба саволе, ки вайро ба ин “айб” мутаҳам карданӣ мешуд, хеле ором гуфт: “Ман ҳамеша ҷонибдори аслии давлати ҳуқуқбунёд, тантанаи адолати иҷтимоӣ будам ва мемонам. Бароям ҳақиқат ва дифои он аз ҳама чиз волотар аст.”
Яъне Ҳувайдуллов гарчи нагуфт, ки киро дастгирӣ мекунад, изҳор дошт, ки дар мавқеи қонун аст. Аз он воқеа 28 сол гузашт, СССР аз байн рафту давлатҳои мустақили миллӣ пайдо шуданд. Имрӯз ҳам гоҳ-гоҳе бо таъна ё шеваи дигар он воқеа ёд мешавад. Вале то ҳол расман, ба таври қонунӣ мақоме ба мусбат ё манфӣ будани воқеаи моҳи августи соли 1991 баҳо надодааст, ки ҷомеа онро асоси гуфтугӯи худ қарор диҳад.
31 августи соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон Қ. Маҳкамовро аз вазифаи Президенти Тоҷикистон озод кард, барои рӯзи 27 октябри соли 1991 интихоботи Президенти Тоҷикистонро эълон кард ва то он вақт иҷрои вазифаҳои вайро ба дӯши Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов гузошт.
Воқеаҳои моҳи сентябр нишон доданд, ки қувваҳои зиддиҳукуматӣ худро қудратманд ва тавоно меҳисобанд, зеро онҳо тавонистанд бо сабукдӯш кардани Президент дар дохили ҳукумат ва парламенти “коммунистӣ” парокандагӣ ба миён оваранд. Бинобар ин, рӯзи 21 сентябр онҳо ба Хонаи маорифи сиёсӣ,ки дар он ҷо анҷумани ХХ11 ҲК Тоҷикистон мегузашт, “вакил” фиристода, талаб карданд,ки анҷуман ҳизбро барҳам дода, пароканда шавад, дар акси ҳол мо омада пароканда мекунем. Ҳамон рӯз бегоҳӣ ин нерӯ ҳайкали дар майдони марказии ш.Душанбе будаи Ленинро афтонда хурсандӣ кард. Аммо рӯзи 23 сентябр дар ин ҷо митинги тарафдорони давлат оғоз ёфт.
Дар он рӯз воқеаи муҳимми дигаре ҳам ба амал омад. Вақте Иҷлосияи Шӯрои олӣ Қ.Аслоновро аз вазифаи раиси Шӯрои Олӣ озод намуд ва рӯзи 23 сентябр раиси навро интихоб мекард, бисёриҳо умедвор ва тарафдори Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Нурулло Ҳувайдуллоев буданд ва дар иҷлосия чунин пешниҳодҳо низ ба миён омаданд. Аммо вай номзадиашро пас гирифт ва номзадии Раҳмон Набиевро пешниҳод ва дастгирӣ кард. Рӯзи дигар мо дар штаби пешазинтихоботии Р. Набиев вохӯрдем. Пурсидам: “Чаро?” Гуфтанд: “Маъракаи интихобот осонтар мешудагист” Гуфтам: “Баръакс шудагӣ барин”. Дар рӯзҳои душвори моҳи октябри соли 1991 митингҳо ба муқобили Р.Набиев, иғвогариҳо алайҳи ӯ ва тарафдоронаш аз соҳибмансабони баландмартаба танҳо Н. Ҳувайдуллоев дар паҳлӯи вай устувор буд ва дар замоне, ки бо даъвати демократҳо ва исломиҳои майдонӣ намояндагони Москав ба Тоҷикистон омаданд, вай талош кард, ки ба ин меҳмонон ба қадри имкон ҳақиқат ва воқеиятро фаҳмонад. Аммо ин кори душвор буд, зеро мухолифин истеъфои худи ӯро ҳам ҳамчун такягоҳи Набиев ва касе, ки М.Икромовро барои вайрон кардани пайкараи Ленин ҳабс кардан мехоҳад, талаб дошт ва ин талаб ба Протоколи 7 октябр дохил ҳам шуд. Аммо Иҷлосияи Шӯрои Олӣ масъалаи истеъфои ӯро ба рӯзнома дохил кардан ҳам нахост. Пас аз рафтани намояндагони Москав вай якҷоя бо Сафаралӣ Кенҷаев дар штаби интихоботии Р.Набиев кор кард.
Вақташ ҳаст ба як масъала равшанӣ андозем. 23-ӯми сентябри соли 1991 ба истилоҳ “масъалаи Мақсуд Икром” ба миён омад. Раиси шаҳри Душанбе барои он ки аз ҷазо халос шавад, худро ба паноҳи қозикалон ва атрофиёни вай андохту имкон дод, ки бинои комиҷроияи шаҳр штаби мухолифини Р. Набиев шавад. Сарфи назар ба ин Прократура вай ва чанд нафар кормандони ҳукумати шаҳрро ба ҳабс гирифт.Аз ҳамон вақт то охирин рӯзи ҳаёти Н.Ҳувайдуллоев ин масъала вирди забон буд. Баъзеҳо сабаби кушта шудани Н. Ҳувайдуллоевро ҳамин воқеа медонанд. Аслан ин сабаб не, баҳона буд. Барои муттаҳид шудани нерӯҳои мухолифин баҳонае даркор буд. Агар М.Икром вуҷуд намедошт, мансабдори дигареро ба тарафи худ кашида, барои худ аз вай силоҳ месохтанд. Мақсуд Мусоқулович хоҷагидори хубу кордон ва замонавӣ буд. Аммо воқеаҳои солҳои 1990 ва 1991 нишон медиҳанд,ки вай дар сиёсат чандон пӯхта набуд.
Дар воқеаҳои аввали октябри соли 1991 Набиев ва Ҳувайдуллоев шикаст хӯрданд. Ваколати Раиси Шӯрои Олӣ (Р.Набиев) аз рӯзи 5 октябр то интихобот боздошта шуд,интихобот аз 27 октябр ба 26 ноябр гузаронида шуд,майдоннишинҳо Ҳувайдуллоевро “хунхур”эълон карданд.
Пирӯзии боварибахши Раҳмон Набиев дар интихоботи Президентии 26 ноябри соли 1991, яъне дар даври якум аз байни нӯҳ номзад ба 64 фоизи овозҳо ғолиб омадан, аз як тараф ҳақ ва соҳибэҳтиром будани вай ва аъзои штаби интихоботиашро нишон медод, аз тарафи дигар рақибони вай ва мухолифонашро хашмгин ва ба душмани оштинопазир мубаддал кард. Онҳо ки худро соҳиби мулку халқи он медонистанд, аз ин нокомӣ ба худ мепечиданд ва соате ҳам қарор нагирифта, аз паси қасос буданд.Даъватҳо барои қабул накардани натиҷаи интихобот, талоши бе ҳукумат ёд кардани қурбониёни майдони “Шаҳидон” дар моҳи феврали соли 1992, митингҳо ва роҳпаймоиҳои паёпай дар моҳҳои феврал-марти соли 1992 дар Қурғонтеппа, митинги 15 марти соли 1992 дар майдони 650 солагии Москваи шаҳри Душанбе ва ғайра далели ин гуфтаҳоянд. Овозае ҳаст, ки моҳи феврали соли 1992 дар ҷамъомади роҳбарони мухолифат (он вақт ба ин мафҳум Ҳ. Тӯраҷонзода, Ш. Юсуф, М. Ҳимматзода, С. Нурӣ, Т. Абдуҷабборов Д. Худоназаров, А. Соҳибназаров дохил мешуданд) раиси ҳизби демократ пешниҳод намудааст, ки бояд ҷанг кунем, вагарна ҳукуматро гирифтан намешавад. Оппозисияи исломӣ- демократӣ акнун дар ноомадҳои кори худ асосан Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоевро гунаҳкор медонист. Аниқтараш қонуншиносӣ ва такяи вай ба қонун онҳоро ба хашм, ваҳм ва бадкорӣ мебурд. Ба ин гурӯҳ мавқеи Прокурори генералӣ, ки “ҳамеша ҳимоя кардани қонун буд ва роҳ надодан ба касе, ки онро вайрон кунад” Прокурори генералӣ “аз ҳар гуна аҳзоб ва ҷунбишҳо, сарфи назар аз он ки бо кадом шиорҳо онҳо баромад мекунанд, талаб менамуд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва эҳтиром кунанд” Ӯ мегуфт: “Ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ касе бовар намекунам, ки бо шиорҳо ҳама чизро ҳақ баровардан мумкин бошад, ё амалӣ намудани ғояе, ки инсонҳоро ба ҳалокат мебарад, арзиш дошта бошад.” Ҳамин мавқеъ ба онҳо маъқул набуд ва таърих нишон дод, ки ҳар амали зиште, ки перомуни он Прокурори генералӣ андеша мекард, пеши роҳи онро гирифтан мехост, хоси онҳо будааст. Душманон дар муқобилаш пайт мепоиданд, дурӯғ мебофтанд. Масалан, рӯзномаи “Чароғи рӯз” дар шумораи 9, моҳи феврали соли 1992 прократура ва роҳбари онро барои ин чиз танқид кардааст, ки “гӯё чанд тан кормандони комиҷроияро беасос ба ҳабс гирифта бошад”. Прокурори генералӣ ба редаксия нома навишта “дурӯғи маҳз”будани ин даъво ва “ҷиноятҳои хавфнок ба монанди ришвахӯрӣ ва аз мансаб сӯиистеъмол кардани” ин мансабдоронро зикр намуда, ҳамчунин ҷумлаи “ман тарсак не”-ро муғаризона истифода бурдани газетаро таъкид карда аз редаксия талаб кардааст, ки раддия чоп кунад, дар акси ҳол “ман барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва прократураи ҷумҳурӣ дар асоси қонун ба суд муроҷиат мекунам”. –гуфтааст. Газета ин номаро дар шумораи 15 чоп кардааст.
Прокурори кишвар ба кори оддии касбии ҳаррӯзааш машғул буд. Аз ҷумла, аз охири соли 1991 сар карда вай тибқи фармони Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳбари гурӯҳи корӣ ба навиштани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони мустақил пардохт. Ҳамзамон ба ин ба ӯ зарур меомад, ки ба сардори давлат барои ҳалли мушкилиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ёрӣ расонад. Дар ҳамон давр ӯ ба воситаи матбуот изҳор медошт,ки “Халқи тоҷик он қадар бисёр нест. Дар ҷумҳурияти мо зиёда аз 3 миллион тоҷикон кору зиндагӣ мекунанд Хуб мешуд ҳамаамон аз як гиребон сар бароварда, барои Ҷумҳуриятро аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардан кор мекардем”. (8.,12 феврали 1992)
Ба як суҳбати кӯтоҳ ман шоҳид будам. Пагоҳии рӯзи 26 марти соли 1992 Нурулло Ҳувайдуллоев дар бинои Президент ба Сафаралӣ Кенҷаев гуфт, ки “шаб телевизион маҷлиси Раёсати Шӯрои Олиро тавре нишон дод, ки иғво барин шуд. Бин дар саҳни ҳавлӣ одамон ҷамъ шудаанд. Наздашон баро, ду даҳон гап зану онҳоро ором кун”.
Кенҷаев маъқул кард ва ваъда дод, ки баъди ҷамъомад ҳатман ҳамин корро мекунад. Ҷамъомад – мулоқоти Президент бо аҳли зиё соати якуним тамом шуд. Дар саҳни ҳавлӣ одамон зиёдтар шуда буданд. Аммо бо чӣ сабабе С.Кенҷаев ҳамроҳи онҳо мулоқот накард.
Ин ҷамъомад ба митингҳои бардавоме ибтидо гузошт, ки онҳо аслан боиси муташаниҷ шудани авзои сиёсии кишвар, муттаҳид гардидану сармоядеҳ ёфтани нерӯҳои ҷоҳталаб ва ниҳоят бӯҳрони ҳукумати Р. Набиев, таъсиси ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва истеъфои Президент шуд. Дар тамоми ин муддат Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамроҳи Р. Набиев буд ва бисёр азоб ҳам мекашид, ки вайро на ҳамеша бовар кунонидан ва ба ҳаракат овардан, аз корҳо ва суханҳои ноҷо нигоҳ доштан муяссараш мешавад. Дар майдони “Шаҳидон” шиорҳои зидди Набиев, Кенҷаев ва Ҳувайдуллоев ҳамарӯза садо медоданд. Аз онҳо талаб мекарданд, ки ба ҳузури митингчиён оянд, истеъфо диҳанд ва ғайра. Боре шоира Гулрухсор ва ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ба назди Ҳувайдуллоев омада пешниҳод намуданд, ки ба майдони Шаҳидон рафта ду даҳон гап занад. Шояд ба ором кардани онҳо муваффақ гардад
– Майлаш, – гуфт Н. Ҳувайдуллоев. Кай равам?
– Мо равем, вазъияти мувофиқ ёфта,ба Шумо хабар медиҳем ё омада ҳамроҳ мебарем.
Онҳо дигар наомаданд, аз онҳо дигар хабаре ҳам нашуд. Шояд сабабаш он буд,ки “шаҳидонӣ”-ҳо худро пирӯз медонистанд, барои онҳо ақидаи Прокурори генералӣ не, таслимшавии вай даркор аст. Онҳо на танҳо артиш доштанд, балки 21 моҳи апрел чанд танро аз ҷумла Қ.Ғозӣ ва Р. Нуруллобековро генерали мардумӣ эълон карда буданд.Ин ҳамон рӯзе буд, ки12 вакили Шӯрои Олӣ,ду муовини сарвазир, вазири молия ва директори агентии “Ховар”-ро гаравгон гирифта, С. Кенҷаевро ба истеъфо маҷбур карда буданд.Зӯрӣ дар он ҳам намудор гардид, ки се нафар намояндаи мухолифин (А. Тӯраҷонзода, А. Соҳибназаров ва С. Тӯраев) узви Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, 25 намояндаи оппозитсия (дар маҷмӯъ 34 кас), яъне намояндагони 5 гурӯҳ ва ҳизбҳои оппозитсионӣ узви Комиссияи конститутсионӣ шуданд.
Дар марҳалаи дуюми митингҳо, ки аз 27 апрели соли 1992 шурӯъ мешавад, вақте дар майдони “Озодӣ” тарафдорони ҳукумат ба муқобили лидерони мухолифат баромад мекарданд, рӯзи 1-майи соли 1992 Президент Р. Набиев, Прокурори генералӣ Н.Ҳувайдуллоев, вазири амнияти миллӣ С. Кенҷаев, ноиби президент Н. Дӯстов дар назди онҳо ба сухан баромаданд. Ҳувайдуллоев, аз ҷумла, дар бораи эҳтироми қонун, ҳатман ҷазо гирифтани вайронкунандагони қонун сухан ронд. Рӯзи 3 май иҷлосияи Шӯрои Олӣ С.Кенҷаевро дар вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ барқарор кард.
Рӯзи 5 май мухолифин мусаллаҳ шуда, ба Маҷлиси олӣ ҳуҷум карданд, радио ва телевизионро ишғол намуданд, бригадаи таъйиноти махсусро халъи силоҳ карданд. Бегоҳӣ телевизион дар ҳамаи нокомӣ ва бадбахтиҳои Тоҷикистон Р. Набиев ва ҳамкоронаш С. Кенҷаев, Н. Ҳувайдуллоев, Н. Дӯстов ва А. Сайфуллоевро гунаҳкор кард, талаб кард, ки чор каси охир ба ҳабс гирифта шаванд ва М. Икромов,ки рӯзи 8 март ба ҳабс гирифта шуда буд, озод карда шавад. Чунин таблиғ то рӯзҳои Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон, беш аз ним сол давом дошт.
Барои дарк кардани моҳият ва характери таблиғи матбуоти оппозитсионӣ як навиштаи рӯзномаи “Чароғи рӯз”-ро дар моҳи майи соли 1992 иқтибос мекунем. Зери рубрикаи “Их розыскивает милиция” портретҳои чанд нафар, аз ҷумла Н.Ҳувайдуллоевро чоп карда, онҳоро бо каломҳои худашон масхара мекард. Масалан, зери сурати қаҳрамони мо “Ман тарсак не” навишта шуда буд. Дар матн мақсади ин фикр омадааст: “Бархе аз онҳо вақти аз Душанбе бадар рафтан худро мурда вонамуд карда, бархи дигар ришу муйлаби сунъӣ часпонида, дастор бастаанд… аз бинои КГБ як села занони чодарпӯши роҳгардиашон ғалатӣ шитобзада ба вертолет боло шуданд. Гурезаҳо будани “занон”-ро шоҳидон пай бурдаанд.
Маҳалли иқомат, симо, сару либос, ҷинсият, ҳизбият ва миллияти ин ашхос метавонад зуд-зуд тағйир ёбад.
Дар озодӣ будани онҳо барои ҷамъият хатарнок аст. Аз ин рӯ, хоҳишмандем ин саҳифаи “Чароғи рӯз”-ро дар ҷойҳои серодам, аэропортҳо, вокзал, бозор, мағозаҳо ва ғайра часпонед.
Агар дар бораи ҷои зист ва амалиёти онҳо огоҳӣ дошта бошед, фавран ба наздиктарин шуъбаи милитсия хабар диҳед”
Бояд гуфт, ки ВУД ба зуддӣ хабар дод, ки онҳоро суроғ надорад.
Дар ҳамин марҳала мухолифини пурқудрат ба Президент таъзиқу сахтии зиёде меовард, ки вай дар сарнавишти Н. Ҳувайдуллоев ҳам нақши калон дошт.Масалан 7 майи соли 1992 “Созишномаи роҳбарияти ҷумҳурӣ бо лидерони блоки оппозитсионӣ” ба имзо расид,ки дар он аз ҷумла омадааст:
– Шӯрои Президентии 2 май таъсисёфта барҳам дода шавад.
– Бригадаи таъйиноти махсус, ки 5 май таъсис ёфтааст,барҳам дода шавад.
– Кумитаҳои амнияти миллӣ, мудофиа,телевизион ва радио ба тобеияти Девони вазирон дода шаванд.
– Н. Дӯстов –ноиби Президент, А. Ниёзов – Раиси Кумитаи мудофиа, А. Сайфуллоев – Раиси кумитаи телевизион ва радио аз вазифаҳояшон озод карда шаванд.
С. Кенҷаев боз истеъфо дод, ки онро Президиуми ШО 11 май қонунӣ кард. Майдони “Озодӣ” аз митингчиён холӣ карда шуд. 9 май С. Сафаров, Р. Абдураҳим ва додари Сангакро ба майдони “Шаҳидон” оварда маҷбур карданд, эътироф намоянд, ки ташкилотчиёни майдони “Озодӣ”, ки сабаби хунрезӣ шуд, Набиев, Ҳувайдуллоев ва Кенҷаев мебошанд”.
11 –уми май Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи шакли нави идораи давлат – Ҳукумати мусолиҳаи миллии Девони вазирони ҶТ”эълон шуд. Ба ҳукумати нав 9 нафар лидерони оппозитсия дохил шуданд. 12 май Президент бо Фармони худ Давлат Усмонро муовини сарвазир таъйин кард. Эълон гардид,ки мақоми олии ҳокимият “Маҷлиси миллӣ” хоҳад буд.
Нурулло Ҳувайдуллоев аз 7 то 23 май дар вилояти Ленинобод буд ва ин сафар ҳаётан муҳим гардид. Н. Ҳувайдуллоев ду сабаби ба Ленинобод рафтанашро ба мухбири “Садои мардум” бадеҳатан баъди ба Душанбе баргаштанаш чунин шарҳ дод ва он рӯзи 2 июни соли 1992 дар рӯзнома чоп шуд: сабаби аввал он айём,ки дар ду майдони Душанбе,ки гирдиҳамоиҳо идома доштанд, одамони номаълум ба хонаам занг зада, таҳдид мекарданд ва гӯшрас менамуданд, ки ҳамсараму бачаҳоямро мекӯшанд. Баъзан рӯзҳое,ки дар хона намешудем, як гурӯҳ автоматбадастон омада, хонаамонро кофтуков мегузарониданд.Ба ин ҳамсояҳоямон шоҳиданд. Сабаби сонӣ: ба вилояти Ленинобод баҳри аз наздик фаҳмонидани вазъияту ҷумҳурӣ рафтааст ва ин бо ризоияти раиси ҷумҳур сурат гирифт.
Дар вилояти имрӯзаи Суғд дурустии ин гуфтаҳоро бисёриҳо таъкид менамоянд Инчунин аз матолиби матбуоти вақт маълум аст, ки ӯ 14 майи соли 1992 дар Иҷлосияи шӯрои вакилони халқи вилоят ба сухан баромада, вазъияти пойтахт ва водии Вахшро шарҳ дод ва ҳолати вилояти Қурғонтеппаро “геносид” номид ва ба ин оппозитсияро гунаҳкор кард, зикр намуд, ки бо сабаби амалҳои террористӣ ва ғайриинсонии мухолифин дар шаҳри Душанбе сохторҳои ғайриконститутсионӣ ба амал омада истодаанд.
Ин амал хашми мухолифинро меовард. Онҳо медонистанд,ки сарфи назар оз он ки вай мардуми вилоятро ба дастгирии мардуми водии Вахш ва вилояти Кӯлоб даъват кардааст, ё не, суханрониаш ба ин чиз сабаб гардидааст. Демисломиҳо умедвор буданд, ки вай дагар ба пойтахт намеояд. Зеро дар ин ҷо чизи гумкарданӣ надорад ва барои вай барин марди донишманд ва меҳнатдӯст дар ҳама ҷо кор ёфт мешавад. Аммо вай омад. Бо ин гуфтан мехост, ки дар роҳи ҳимояи қонуният аз касе наметарсад. Ба саволи мухбир дар ин маврид чунин ҷавоб ҳам дод:
– Куҷо ҳам мегурезам?! Аз халқи худам?! Он рӯз мабод! Ҳоло дар вазифаам кор мекунам. Фикру зикрам сари тайёр кардани Лоиҳа аст. Онро бояд то 20 июл биспорем.(Сухан аз Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурӣ аст).
Дар тӯли чанд рӯзе, ки ӯ дар Пойтахт набуд, вазъият муташанниҷтар гардид.Даъватҳои телевизионии Р.Набиев дар даҳаи сеюми моҳи майро мухолифин амалан қабул надоштанд ва танҳо мондани ӯро барои аз кор гирифтанаш истифода бурдан мехостанд ва амалҳояшон барои мустаҳкамтар кардани сафашон буд. Масалан, рӯзномаҳои “Садои мардум” ва “Ҷумҳурият” 27 майи соли 1992 хабаре чоп карда дар он навиштанд, ки “Рӯзҳои наздик мири шаҳри Душанбе Мақсуди Икром ба озодӣ мебарояд Ин иқдоми ҳукуматро гӯё қувваҳои оппозитсион табрик намуда, аҳд кардаанд,ки кафили осоиши Додситони кулли Ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев мебошанд”. Роҳбарони неруҳои оппозисионӣ дар шахси раисони ҲНИТ М.Ҳимматзода, ҲДТ Ш.Юсуф, созмонҳои Растохез Т.Абдуҷаббор ва Лаъли Бадахшон А.Амирбек ҷавобе доданд,ки дар он, аз ҷумла, омадааст: “Бо салоҳият изҳор менамоем,ки мо ба ҳеҷ касе аҳд накардаем ва кафили осоиши касе нашудаем. Дар бораи Додситони кулли ҷумҳурӣ гуфтанием, ки бар асоси Протоколи созиш байни Раиси ҷумҳур, раёсати девони Вазирон ва нерӯҳои оппозитсиюн истеъфои Ҳувайдуллоев пешбинӣ шуда ва минбаъд дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор накардани ӯ зикр шуда буд. Аз ин рӯ, мо аз Раиси ҷумҳур қатъиян талаб менамоем,ки иҷрои бандҳои протоколи созишро пурра таъмин намояд.” .
Ин ҳукм,чунон муҳим буд, ки оҷилан дар ҳама ҷо – телевизион, радио, матбуот нашр шуд. Агар ин навиштаро ба забони халқ гардонем, ҷанозаи Ҳувайдуллоевро нерӯҳои оппозитсион аллакай хонда буданд. Ва воқеият ҳам дар он буд, ки дар ҳамон рӯзе, ки ин нома барои матбуот тайёр мешуд, дар маҷлиси роҳбарияти мухолифин пешниҳод шуд,ки “То ду-се нафари онҳо кушта нашаванд, кор пеш намеравад.” Дар байни кушташавандагон номи аввал аз Ҳувайдуллоев буд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин пешниҳод аз М.Ҳимматзода буд, дигарҳо ба Шодмон Юсуф ишора мекунанд.
Қаҳрамонии Ҳувайдуллоев дар он буд, ки аз ин наҳаросида ба пойтахт омад ва аз ҳимояи адолат ва инсоният даст накашид. Ду рӯз пеш аз террор шуданаш вақте аз бардошта шудани телохранителҳояш сухан рафт, ғамолуд хандиду гуфт: “Аҷал расида бошад, аз дасти онҳо чӣ меояд?”
Аммо дар моҳи июн матбуот дар суроғи мулоқоти вай буд. Аввалин мусоҳибаи мукаммалро хабарнигорони рӯзномаи расмӣ – “Ҷумҳурият” Д. Мунаввар ва Х. Ҳайдаршо тайёр ва чоп карданд, ки саволҳои асосии он чунин буданд: Нерӯҳои мардумӣ истеъфои шуморо қатъан талаб доранд. Аслан онҳо шуморо баъди ба ҳабс гирифтани мири Душанбешаҳр Мақсуд Икром дидан намехоҳанд,назари шумо ба сессияи (иҷлосияи ш. Душанбе) ва қарори он (дар бораи аз ҳабс озод кардани Икром М.); шумо дар сессияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод иброз доштаед,ки мардум ҳукумати муросои миллиро эътироф накунанд зеро он ғайриқонунист. Оё ин рост аст? Шунидем, ки як гурӯҳ ҷонибдорони оппозитсия ба дафтари коратон омада, таҳдид кардаанд,ки шаҳрро тарк намоед,вагарна, масъалаи истеъфои шумо, ки дар Протоколи созиш зикр шудааст, бо ризогии шумо сурат гирифт ё дар ғайбатон?Шуморо бархе аз нерӯҳои мардумӣ хоини миллат ва душмани халқ ном мебаранд.Шумо ба миллат чӣ хиёнат кардед ва гуноҳатонро дар чӣ мебинед?
Ана чунин саволҳо ва ҷавобашон як китоб гап. Шояд замоне шавад, ки касе зиндагии Н.Ҳувайдуллоевро тадқиқ карда, ин мусоҳибаро пурра арзёбӣ кунад. Аммо ман дар ин мухтасар танҳо чанд ҷумларо ба таври урён иқтибос мекунам ё нақл.То фаҳмида шавад,ки ҷавобҳои Прокурори генералӣ чӣ гуна буданд.
Чун масъалаи аз ҳабс озод кардани М.Икром ҳал нашуд, масъалаи истеъфои ман қатъан ба миён гузошта шуд. Баъзе ашхос аз ин кор манфиатдоранд. Раваду Мақсуди Икром аз асрори онҳо ҳарф занад, сиррашонро кушояд, корашон дулоб мешавад. Барои ҳамин бо истеъфои маро қатъан талаб кардан, хешро ба Мақсуд Икром ширин менамоянд. Матлаби мо танҳо мубориза алайҳи қонуншиканиҳост.Агар додситонӣ аз рӯи ин меъёрҳои воқеӣ амал накунад, пас чунин орган ба кӣ даркор? Хуллас, М. Икром барои ришвахӯрӣ ва сӯиистеъмол аз мансаб ба ҳабс гирифта шудааст.
Иҷлосияи ш. Душанбе бо нафаре аз додситонӣ маслиҳат накарда, аз асли гап бохабар нашуда, чунин кардааст. Ин корашон ташкилшуда аст. Зеро қаблан ин масъала дар рӯзномаи сессия набуд ва танҳо дар рафти иҷлосия пайдо шуд. Додситонӣ иҷрои қарори сессияро боздоштааст.
Дар он сессия (Иҷлосияи вилояти Ленинобод) ҳарф зада будам. Ташвиши асосиам аз он овозаву миш-мишҳое буд, ки якпорчагии ҷумҳуриро халалдор мекарданд. Намояндаҳои халқро ба ваҳдату сулҳу оромиш даъват намудам. Дар нисбати баъзе ашхоси ба ҳайати ҳукумати муросои миллӣ шомилгашта норизоии хешро баён доштам. Чун ҳуқуқшинос арз кардам, ки ташкили Маҷлиси миллӣ ғайриқонунист, зеро асосгузории он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ нишон дода нашудааст ва афзудам, агар ташкили Маҷлиси миллӣ зарур бошад, бояд ин масъаларо Шӯрои Олӣ баррасӣ намояд.
26 май ба иҷрои вазифа шурӯъ кардам. Соатҳои 12-и ҳамон рӯз чаҳор ҷавонписар ба дафтари кориам даромада иброз доштанд,ки аъзои ҷамъияти “Лаъли Бадахшонанд.”Баъдтар маълум гашт,ки онҳо аъзои ин ҷамъият набудаанд. Бо як овоз такрор карданд, ки бояд ба истеъфо равам. 10-15 нафар онҳоро дар берун интизор буд. Гуфтам: “Ба кадом асос ба истеъфо равам?” Гуфтанд: “Шумо дар майдони Озодӣ сухан гуфтеду дар майдони Шаҳидон не. Ба ҷузъ ин бо фармони шумо силоҳ тақсим шудааст”. Гуфтам: “Дар майдони Озодӣ сухан гуфтанамро халқ талаб кард бехатариамро кафолат дод”.
Он ҷавонписарон иброз доштанд: чизе буду набуд бароятон то бегоҳӣ муҳлат медиҳем, ки ба истеъфоъ равед, дар акси ҳол масъулиятро ба гардан намегирем. Гуфтам: “Шумо таҳдид мекунед, ки маро ҷисман аз байн мебаред?!” Гуфтанд: “Метавонед ба Ленинобод рафта дар ҳамон ҷо додситони вилоят шавед, дигар шуморо даст намекобем.” Гуфтам:”Ташаккур барои чунин маслиҳататон. Ва рафта ба одамҳое, ки Шуморо ба ин ҷо фиристодаанд, расонед, ки Ҳувайдуллоев мақсади ба истеъфо рафтан надоштааст”.
Дар мавриди саволи дигар Н. Ҳувайдуллоев мегӯяд,ки “Дар мавриди истеъфоям танҳо баъди ба имзо расидани Протоколи созиш аз раиси ҷумҳур фаҳмидам. Дар Протокол гуфта шудааст, ки масъалаи истеъфои додситонро бояд Шӯрои Олӣ баррасӣ намояд.Чаро онҳое, ки ба Протокол имзо гузоштаанд, имзоҳои хешро ҳурмат намекунанд?!”
Фикри Н. Ҳувайдуллоев дар бораи талаби истеъфо кардани нерӯҳои мухолиф ҳуқуқшиносона ва далерона аст: –” Оппозитсиюн муросо кардан мехоҳад ё не, инаш кори вай. Вазифаро ба ман намояндаҳои мардум додаанд, на қувваҳои оппозитсиюн. Танҳо депутатҳо метавонанд ва ҳақ доранд, ки дар вазифа мондан ё намонданамро арзёбӣ намоянд.”
Дар ҷавоб ба иттиҳоми “хоини миллат”ва “душмани халқ” Прокурори генералӣ мегӯяд: – “Гуноҳи асосиам дар он аст, ки ҷонибдори ҳақиқату адолатам. Мехоҳам ҳама кас дар назди қонун як хел ҷавобгӯ бошад. Мудом таманно кардаам,ки миллатам чун дигар халқияту миллатҳо осудаву тинҷ зиндагӣ намояд, дар ҷомеа низому тартиб арзи ҳастӣ дошта бошад. Ҳеҷ гоҳ ба миллатам хиёнат накардаам ва нахоҳам кард. Халқ худаш довари ҳақдӯст ва баҳо хоҳад дод, ки дар он шабу рӯзи урдубиҳиштмоҳ ба миллат кӣ хиёнат карду ки не”.
Ман ба ин фикрам ки дар ин мусоҳиба симои поки Нурулло Ҳувайдуллоев, мардонагӣ ва ҷасорату нотарсии вай баръало падидор аст. Барои ҳамин ҳам ҳар гоҳ аз касе мешунавам, ё дар ҷое мехонам, ки “Нурулло Ҳувайдуллоев қаҳрамони ҳақиқӣ аст” бовар мекунам. Зеро ин доварии халқ аст, онҳое, ки ба самимияти вай эътиқод пайдо кардаанд. Мусоҳиба ҳам бо таънаву қасосгирӣ не, бо орзуи он ки “ҳама кину қудуратро аз дил дур андозему паи ободии ҷумҳурии азиз бикӯшем” анҷом мегирад.Мусоҳибаи мазкурро, ки “Мехоҳам кину қудуратро аз дил дур андозему паи ободӣ бикӯшем”, ном дорад, муҳаққиқ Нурилло Азимов дар китоби “Қаҳрамонии Прокурори генералӣ” пурра чоп кардааст.
2-юми июни соли 1992 дар матбуот “Изҳороти Додситони кулли Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев” чоп шуд, ки вай барои ҳамон давра аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт.Изҳорот аз чунин таъкид оғоз меёбад,ки “Дар доираҳои муайяни ҷумҳурӣ овозаҳо дар бораи маро ҷисман нобуд кардан беш аз пеш пахш шуда истодааст. Хатари ин амал он қадар воқеӣ ва ҷиддӣ аст, ки ман қарор додам бо изҳороти зайл баромад кунам. Таҳдиде, ки ҳоло садо медиҳад, анҷоми мантиқии маъракаест, ки дар матбуот вусъат дода шудааст, давоми мантиқии равандҳое мебошад, ки дар ҷумҳурӣ рӯй дода истодаанд. Азбаски барои аз вазифа сабукдӯш кардани ман кадом асоси қонунӣ надоранд, доираҳои муайян қарор додаанд, ки ба чораи қатъӣ даст зананд.”(5) Сипас Нурулло Ҳувайдуллоев мавзӯҳои зеринро хотиррасон мекунад:
Вазъи ҷумҳурӣ ниҳоят мураккаб аст.
Ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ бурдборӣ ва хирадмандӣ зоҳир кунанд, то ки ҷомеаи мо титу пора нагардад, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал наояд.
Риояи қонун бисёр зарур аст.
Пайдо намудани роҳи созиш хеле муҳим аст.
Аксар вақт хилофи ин амал ба назар мерасад: қонуният поймол мешуд.
Гуфтушуниди намояндагони вилоятҳо, ҳамаи аҳзоб ва ҷунбишҳо зарур аст, то вазъияти кишвар мавриди гуфтугӯ қарор гирад.
Дар раванди мӯътадилгардонии вазъият ВАО нақши калон бозида метавонад. Баъзеи онҳо аз ҷумла, симои мардумӣ баръакс, вазъиятро тезутунд менамоянд, ҷомеаро ба порашавӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ тела медиҳанд.
Ҳукумати муросои миллӣ бояду шояд кор намекунад.
Ба ҳамаи мо сулҳ, оромӣ ва тартиб зарур аст.Дар акси ҳол мо ояндаи халқи худ, кишвари худро маҳв месозем. Инро нафаҳмидан ҷиноят аст.
Ба назар чунин мерасад,ки дар моҳҳои июн-августи соли 1992 оппозитсия як душман дошт – Ҳувайдуллоев ва ё дар байни кормандони ҳукумат ва вакилони Шурои олии Тоҷикистон фақат як нафар монда буд, ки муқобили онҳо сухан мегуфт – низ Ҳувайдуллоев. Ҳам сиёсатмадорони мухолиф, ҳам мухбирони дастёри онҳо, ҳам силоҳдоронашон дар муқобили вай қарор доштанд ва ӯ дар муқобили ин артиши дилсиёҳ мардона истода, пирӯз мешуд. Инро худи онҳо низ эътироф менамуданд.
Масалан, 10 июн Президиуми Шӯрои Олӣ талаб кард,ки М. Икром аз ҳабс озод карда шавад, Прокурори генералӣ қабул накард, ҳамон рӯз аз Президент Набиев талаб карданд,ки Прокурори генералиро аз кор холӣ кунад ва худаш ҳам ба истеъфо равад, аммо розӣ нашуд. 20 июн мухолифин ба истилоҳ “Ситоди наҷоти Ватан”-ро ташкил дод. Раиси ситод Ш.Юсуф хост ин ситодро қонунӣ кунад, бо ин мақсад 25 июн ба Вазорати адлия ҳуҷҷатҳо ва аризаашро супурд. Аммо Прокурори генералӣ Н.Ҳувайдуллоев бо номаи худ аз 17 июли соли 1992 ба вазорати адлия ин амалро манъ кард.
Аввали август журналистон – парасторони мухолифин Ҳувайдуллоевро барои суҳбати мустақим ба телевизион даъват карданд, то шармандаашро бароранд, аммо эътироф карданд, ки худашон шарманда шуданд.Ӯ дар ин суҳбат аз журналистони машҳуру овозадоре, ки танҳо дар мавзӯи ҳуқуқу беҳуқуқӣ, қонуну қонуншиканӣ менависанд, даъвои ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ мекунанд ва ҳатто дар соҳаи ҳуқуқ соҳиби ҷоиза гаштааст, ном нагирифта, ёд кард ва гуфт,ки ғайриқонунӣ аз ҳисоби фонди хайрияи комиҷроияи шаҳри Душанбе хона гирифтааст. Хонае, ки мебоист кадом як маслуқе, нодоре онро соҳибӣ мекард. Онҳо дар ин ҷо дар байни шумо ҳам ҳастанд. Журналист Ҷумъахон Ҳотамӣ дар мақолаи “Зиндаву ҷовид монд” дар хусуси мусоҳибаи зикршуда чунин далелҳоро ном бурдааст: “Сӯиқасд-мусоҳибаи мустақими телевизионии Мирбобо бо Ҳувайдуллоев боис шуда буд, ки сияҳкорону бадхоҳони ӯ худ шармандаву рӯсиёҳ гарданд. Нафрату ғазаби мардум нисбати каҷбинону каҷхоҳони ӯ торафт меафзӯд. Аз ин мебарояд, ки шуҳрату эътибор, маҳбубияти мардум нисбати шахс бо таблиғоти хушку холӣ ба даст наомадаву онро ба зӯр касб намекардаанд. Раиси дастгоҳи дурӯғбофон М. Мирраҳимбо ҳасрату надомат ”ҷанги тан ба тан” – худташкилкардаашро”2 бар 0” ба фоидаи Ҳувайдуллоев номида буд.”
Воқеан дар он мусоҳибаи телевизионӣ савол-иттиҳомҳое мисли: Дар долонҳои Шӯрои Олӣ ситоди онвақтаи митинггарони кӯлобӣ шумо бо Сангак Сафаров оғӯшгирию боз чиро маслиҳат мекардед? Бисёр буданд ва прокурор ба ҳамаи онҳо бо тамкин ҷавоб медод. Ҳамон шабу рӯз Сангак Сафаров ба як саволи “Чароғи рӯз ” чунин ҷавоб дода буд:”Роҳбари қонун ягона ҳамин одам (Ҳувайдуллоев) аст”.
Ҳувайдуллоев баъдтар ёд овардааст, ки пас аз дар телевизион нишон додани ин мусоҳибаи мустақил бисёриҳо телефонӣ гила кардаанд, ки ба саволи онҳо ҷавоб наомадааст. Ӯ тавассути матбуот гуфт, ки коргардонҳои намоиш он саволҳоро ба ман нишон ҳам надодаанд.
7-ӯми августи соли 1992 рӯзномаи “Тоҷикистон” мусоҳибаеро чоп кард, ки охирин мусоҳибаи Прокурори генералӣ дар ҳаёташ буд. Ман мувофиқи хоҳишаш сиёҳнависи саволу ҷавобро хонда будам, зеро дар он шабу рӯз авзо боз ҳам душвортар гардид.Дар он чанд масъала хеле равшану ҷиддӣ баён шуда буд:
Ҳукумати кунунии ҷумҳурӣ натавонист ба он тавре, ки лозим аст, ҳукуматдорӣ бикунад. Аъзои ҳукумат ҳама якдилу як рӯ набуданд.
Мардум қонунро муқаддас надонистанд, ҳол он ки ҳукмрону ҳукуматдори ин кишвар мебоист қонун бошад.
Дар ин мусоҳиба вай аз он хурсанд аст, ки А.Тӯраҷонзода ва Ш.Юсуф ӯро ба суд додаанд. “Ҳама корро бо роҳи қонунӣ ҳал кардан мароми ман аст. Ҳақ кисту ноҳақ кист, бигузор суд қазоват кунад”. Аммо аз он норозигӣ кард,ки муовини раиси КАМ Ҷ. Аминов вайро тӯҳмат кардааст.
Умеди вай дар ин суҳбат ба қонун, инсоф ва виҷдон аст.
Мухолифини қариб ба қудратрасида аз муборизаи тани танҳои Прокурори генералӣ ба танг омада, баъзе мансабдорони худношиносро ба даст гирифта ва ё тарсонида тасмим гирифтанд,ки худи Набиевро ба истеъфо фиристанд. Се нафарро ба гап дароварданд, ки дар иҷлосияи моҳи август ба сухан баромада, истеъфои ӯро талаб кунанд. Иҷлосия 12 август шурӯъ шуд ва дар гомҳои аввалин расман Кенҷаевро аз вазифаи Раиси маҷлис озод кард ва Искандаровро раис интихоб намуд. Кенҷаев иҷлосияро тарк кард. Сонӣ навбат ба танг кардани Президент расид. Ду нафар аз сегонаи маслиҳатшуда – Н. Дӯстов ва Д. Ашӯров ба сухан баромада, ба Набиев маслиҳат доданд,ки ба истеъфо равад. Прокурори генералӣ дарк кард, ки агар ӯ пеши роҳро нагирад, вазъият вайрон мешавад. Бо кӯшиш ва душвории зиёд ба Ҳувайдуллоев ва дӯстонаш муяссар шуд, ки дар иҷлосия танаффӯси кӯтоҳмуддат шавад. Баъди танаффӯс сухангӯи сеюм ва Р.Набиев ба маҷлис боз нагаштанд. Масъала ва мақсади мухолифин ҳал нашуд. Баръакс тезисҳои маърӯзаи Президент,ки вайронкориҳои аъзои ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва нерӯҳои пуштибони онро ошкор мекард, резонанси ҷиддие пайдо кард. Натиҷаи Иҷлосияи мазкур душманони қонуниятро ба хашму ғазаб ва амал овард.
Пас аз даҳ рӯзи Иҷлосия Прокурори генералиро дар рӯзи равшан 24 августи соли 1992 бо 20 тир куштанд. Гӯё 20 қонунношинос ҳар кас ба сари худ ба вай тир зад.
Дар “Изҳороти роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 25-уми август соли 1992 омадааст, ки қотилон “қонуни ҷамъиятамонро, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бо матонату қатъият муҳофизат мекард, ҳадафи тири хеш қарор доданд. Онҳо ба ояндаи давлати соҳибистиқлоламон, ки мо онро чун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебинем, тир паронданд.”
Марги вай садои халқро шунаво кард. Аммо дар аввал ин садои гиря, садои азо буду бас. Мардум эҳтироми худро ба шаҳиди пок ва нафрати хешро ба қотилони вай изҳор менамуд. Марги Ҳувайдуллоевро баробари марги қонун дар Тоҷикистон медонист. Дар китоби Н. Азимов “Қаҳрамонии Прокурори генералӣ” бештар аз садто Муроҷиатнома, телеграммаи ҳамдардӣ, изҳорот, нома, матлаб аз маҷлису гирдиҳамоиҳо, ки дар он шабу рӯз дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мешуданд, гирд оварда шудааст.(1) Ҳатто ҳамаи ин ҳадди дарди халқро пурра баён карда наметавонад.
Ҷасади Н. Ҳувайдуллоевро рӯзи 24-уми август барои видоъ дар фойэи бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон гузоштанд ва турбатро рӯзи 25-уми август дар дахмаи маҳаллаи Қалъаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба хок супурданд.Ба расми митинг ва ҷаноза ҳазорҳо одам аз кишвар ҷамъ шуд. Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим аз Кӯлоб як рӯз баъди ҷаноза ба ин ҷо расиданд. Дар расми мотами ӯ Муроҷиатномаи меҳнаткашони ноҳияи Ашт ва вилояти Ленинобод ба Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Набиев, раиси ШО ҶТ Акбаршо Искандаров, сарвазири Тоҷикистон Акбар Мирзоев эълон гардид. Дар ин ҳуҷҷат дар баробари ҳарфҳои мотам чунин суханҳо низ буданд: “Н. Ҳувайдуллоев дар ҳамаи мавридҳо боиродагиву пуртоқатии худро нишон дод. Дар мавридҳои душвортарин Ҳувайдуллоев ҳамрозу ҳамқадам ва ҳаммаслаки халқаш буд. Аз ин ҷост, ки халқ дар симои ин марди асил такягоҳи боэътимоди адлу инсофро медид.
Таҳдид ба ҳаёти Нурулло Ҳувайдуллоев кайҳо сар шуда буд. Аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ барқияҳое меомаданд, ки бехатарии ӯ таъмин карда шавад. Вале ҳукуматдорони мо талаби мардумро ба инобат нагирифтанд.Ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки дар доираи ҳукуматдорон қувваҳое ҷо доштанд, ки ба ҷисман нест кардани Ҳувайдуллоев манфиатдор буданд.”.
Дар Муроҷиатномаи мазкур ҳизбҳои демокративу наҳзати ислом, созмонҳои “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” чун “демократҳои фашисттинате” ёд мешаванд, ки “Яке аз роҳбарони матинирода ва боҷасорату ҳақҷӯи ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоевро на ботинан, балки ҷисман нобуд карданд… Онҳое, ки (аз ин кор) шаҳди пирӯзӣ мечашанд, бояд донанд, ки таърихи миллати тоҷик онҳоро ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ замон нахоҳад бахшид. Ба ин амали зишташон дар он дунё, дар назди худованди муттаол низ ҷавоб мегӯянд”
Муроҷиатнома бо ин суханҳо ба охир мерасид “Мо таклиф менамоем, ки ба Н. Ҳувайдуллоев унвони Қаҳрамони халқи тоҷик дода шавад, инчунин дар қаламрави Тоҷикистон се рӯз мотам эълон гардад” (3.95)
Ҷавоби ҳукуматдорон ба ин Муроҷиатнома хомӯшӣ буд. Ҳатто радио ва телевизиони мардумӣ, матбуоти пойтахт ба ҷузъ “Садои мардум”онро чоп накард.Вале мавқеи халқ дигар буд. Масалан, дар барқияе, ки аз номи мардуми 800 ҳазорнафараи вилояти Кӯлоб расида буд, омадааст:”Тамоми мардуми Кӯлоб ба тамоми мардуми Ашт ба сабаби вафоти писари мардуми тоҷик Ҳувайдуллоев Нурулло ҳамдардӣ изҳор менамоянд. Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Кӯлоб гирдиҳамоӣ баргузор гардид. Дар қаламрави вилоят мотам эълон карда шуд” (1. с.166) Созмони мардумии “Ҳамдилон” бошад, рӯзи 28 августи соли 1992 дар рӯзномаи “Тоҷикистон” Муроҷатнома нашр карда дар он нуктаҳои Муроҷиатномаи меҳнаткашони ноҳияи Ашт ва вилояти Кӯлобро пурра дастгирӣ кардааст.
Дар Муроҷиати кормандони Додситонии ҶТ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам аз ҷумла зикр мешавад, ки “Мо натавонистем ин инсони шарифу ҷавонмардро аз марг наҷот бидиҳем. Мо ба тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ итминон медиҳем, ки аз роҳи пешгирифтаи рафиқи шаҳидамон пас намегардем ва ба онҳое, ки халқи моро ба озодиҳои осмониву фиребҳои бебунёд гӯл заданӣ мешаванд, роҳ намедиҳем, ки аъмоли касифи хешро идома диҳанд.
Қасам ба хуни шаҳиди роҳи ҳақиқат ва адолат, қаҳрамони миллат-Нурулло Ҳувайдуллоеви азиз!”
Як навиштаи адиб Баҳром Фирӯз дар “Тоҷикистон”-и 20 августи соли 1993 ҳақиқати он воқеаро мекушояд:” Қатли Ҳувайдуллоев ба решаи худи кӯшандагонаш теша зад. Онҳо додситонро накӯштанд, балки бо ин амалашон ба қатли худашон имзо гузоштанд.” Дар воқеъ ба асари ин фоҷеа ва ба сабаби азхудрафтанҳои қонуннописандони мусаллаҳшуда-қафасӣ шудани мардуми Душанбе, тангшудани ҳалқаи муҳосираи иқтисодии вилояти Кӯлоб, оғози таҳдиду ҷанг дар Қурғонтеппа, таъзиқҳо ба ҷони Президенту атрофиёни он мардуми тоҷик бо роҳбарии С. Сафаров, Р. Абдураҳим, Л. Лангарӣ, Ф. Саидов, Ё. Салимов, С. Кенҷаев, Ҷ. Мансуров дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба по хест ва ҳукумати мусолиҳаи миллӣ маҷбур шуд, дар Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олиро даъват намояд, ки он 19 ноябри соли 1992 роҳбари нави Тоҷикистон, роҳбарияти нави Шӯрои Олии кишвар ва ҳукуматро интихоб карда, роҳи сулҳро барои мамлакат пеш гирифт.
Тавре шоҳидон менависанд, дар ҳамон моҳи ноябри соли 1993 раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёрати мазори Нурулло Ҳувайдуллоев рафт. Ӯ дар сари манзил, баъди дуою фотеҳа гуфт.”Мардуми тоҷик Нурулло Ҳувайдуллоевро дар вазифаи роҳбари ҷумҳурӣ – раиси Шӯрои Олӣ дидан мехостанд. Нурулло Ҳувайдуллоев инсони пок, далер, ҷасур нотарс ва фидоии адолату қонун буданд”.( 1.с.362). Моҳи октябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ин фикрро дар суханрониаш дар маъракаи пеш аз интихоботӣ дар назди Кохи Борбад низ такрор карда, ҳатто зикр намуд, ки агар замоне дар Тоҷикистон унвони қаҳрамонӣ таъсис ёбад, Н. Ҳувайдуллоев аз зумраи аввалинҳое хоҳад буд, ки ин унвонро мегиранд. Аввали ноябри соли 1994 Раиси Шӯрои Олӣ ба деҳаи Пунғоз рафта, меҳмони як пиёла чои хонадони Н. Ҳувайдуллоев шуд, сипас, ба манзили охирати вай омада, дуо хонд ва ниҳоят дар хонаи маданияти ҷамоаи Пунғоз,ки аз одамони нишаставу ростистода пур буд, ду соат суҳбат кард. Вай аз ҷумла дар бораи қаҳрамонии Ҳувайдуллоев аз рӯи дидаҳои худ нақл кард. Ӯ самимона ва аз таи дил мегуфт. Мардум ҳам ба вай бовар мекарданд.
Субҳи (агар соати панҷро чунин гуфтан мумкин бошад) рӯзи 7-уми ноябри соли 1994 барои Президент натиҷаҳои интихоботро мехондам: ва дар хотима мувофиқи супориши қаблӣ гуфтам: мардуми ҷамоати Пунғоз, яъне ҳамшаҳриҳои Ҳувайдуллоев ба тарафдории Шумо 73 фоиз овоз доданд.
Аз соле, ки қиссаи воқеаҳои мо аз он шурӯъ мешавад, 30 сол гузашт. Нурулло Ҳувайдуллоев 28 сол пеш террор шуд. Дар ин муддат ҷомеаи Тоҷикистон ӯро фаромӯш накардаасту ба некӣ ёдаш мекунад. Пас ин ном барои таърихи халқи мо ҷовид ва намунаи қаҳрамонӣ ва пайравӣ аст.
Иброҳим Усмонов,
профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон