Зиёда аз 300 нафар кӯдакон туҳфа гирифтанд

 1 082 боздид

Имрӯз, 31-уми май дар Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда шуд.

Дар он раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зоҳидзода Олимҷон ва зиёда аз 600 нафар кӯдакон иштирок намуданд.

Нахуст, дар Рӯзи таҷлили байналмиллалии ҳифзи кӯдакон озмуни расмкашӣ таҳти унвони “Тоҷикистон аз нигоҳи кӯдакон” байни наврасон баргузор гардид. Ҳамзамон, дар толори театр лавозимоти кӯдаконаи ҳунармандони ноҳия ба намоиш гузошта шуд.

Баъдан, Зоҳидзода Олимҷон табрики раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳифзи кӯдакон ба самъи ҳозирин расонд.

Дар ин рӯз ба зиёда аз 300 нафар кӯдакон, аз он ҷумла, маъюбон ва ятимони кулли ноҳия туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид. Ҳамчунин ба 3 нафар ғолиби озмуни расмкашӣ ва ғолибони Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Ғунчаҳои умед” кӯмакпулии яквақтаинаи раиси ноҳия супорида шуд.

Дар охир аз ҷониби кӯдакон ва наврасон барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Сайидои ШОДӢ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.