Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандони ноҳия аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ҷараён мегирад. Тасмим гирифтем, дар такя ба рақамҳо натиҷаи муроҷиати шаҳрвандонро тайи шаш моҳи соли равон бозгӯ намоем.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳкамов тайи ин муддат аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 1759 нафар, аз ин миқдор тариқи хаттӣ 1348 нафар, шифоҳӣ—236 ва ҳуқуқӣ 174 нафар сокинон барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат кардаанд.
Рӯзҳои қабул дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ раисони ҷамоатҳо сокинонро қабул мекунанд. Аммо ҳастанд сокиноне, ки бо сабабҳои ба мо номаълум, шояд эътимод надоштан ба раисони ҷамоатҳо, ё чанд маротиб муроҷиат кардану ҳал нашудани мушкилашон ба маркази ноҳия меоянд. Ин ҷо метавон ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Ошоба, Понғоз ва Аштро мисол овард. Агар рӯ ба рақамҳо орем, тайи шаш моҳ аз ҷ.ш.Шайдон 460 н., Ошоба—369, Понғоз—265 ва Ашт 161 нафар ба қабули Раиси ноҳия омадаанд.
Аён аст, ки шаҳрвандон дар ҳалли масоили гуногун ҷониби МИҲД роҳ мегиранд. Ва чун ҳамешагӣ мушкилоти бештар дар самти гирифтани замин ва баҳси он, шаҳодатномаи истифодаи замин, ёрии моддӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои иқтисодӣ, мактабу маориф ва соҳаи тандурустӣ, таъмин шудан бо ҷойи кор, оид ба парасторӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба назар мерасад.
Ҷиҳати вориди аризаҳои хаттӣ бояд қайд кард, ки аз 1348 адад аризаҳо 135-тояш ҳалли мусбии худро ёфтаву 47 адад мавриди санҷиш қарор доранд. 1031 адад аризаҳо вобаста ба соҳаҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор фиристода шудаанд. 33 адад аризаҳо қонеъ гардонида нашудааст, ки сабабҳои асосии он ба мақомоти судӣ марбут будани он аризаҳо, дарёфт нагардидани ҷойи кор ва ғайра мебошанд.
Гуфтан мумкин аст, аксари сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон ва Ошоба бо мушкилоти замин муроҷиат мекунанд. Аммо аз ҷараёни қабул бармеояд, ки онҳо мебоист аввал ба ҷамоатҳои худ муроҷиат кунанд.
Яке аз масъалаи муҳим боз он аст, ки аксари сокиноне, ки соҳиби участкаҳои наздиҳавлигӣ шудаанд, то ҳол сохтмон оғоз накардаанд. Метавон дар ин самт ҷ.ш.Шайдонро мисол овард: агар соли 2017 зиёда аз 600 нафар соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуда бошанд, то ин замон наздики 70-75 нафарашон ба сохтмон оғоз кардаанду халос. Мардум ҷиҳати гирифтани участкаҳои наздиҳавлигӣ бетоқатӣ мекунанду пайваста дари ҳукуматро мекӯбанд, аммо баъди соҳиби замин шудан аз пайи сохтмон намешаванд. Ин амали онҳо гувоҳи он аст, ки ё муҳтоҷи участкаи наздиҳавлигӣ нестанд, ё бо фиреб соҳиби участакаҳои наздиҳавлигӣ шудаанд ва ё-ҳои дигаре.
Ҳамчунин баъзе шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба қавле даст диҳӣ, аз оринҷ медоранд. Ин ҷо мақсад муроҷиат ҷиҳати ёрии моддӣ аст. Баъзеҳо мехоҳанд пайваставу пайваста ёрии моддӣ гиранд. Аммо бояд дар хотир дошт, шаҳрвандоне, ки камбизоатанду ба ёрии моддӣ ниёз доранд, кам нестанд. Ва масъулин вазифадоранд, ки то қадри имкон ва бонавбат ин мушкили онҳоро ҳал намоянд.