Имрӯз 5 январ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тӯйхонаи “Роғун”-и Ҷамоти деҳоти Ашт, бо ҷомеаи шаҳрвандии Ҷамотҳои деҳоти Ашт ва Пунук вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ Зиёи Баҳриддин оид ба сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи нерӯи барқ, самаранок истифодабарии ҳар як қитъаи замин, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии аз паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз бо фаъолони ҷамотҳо суҳбат намуд.
Баҳриддин Зиёӣ гуфт: “Ҳарчанд вазъи эпидемикӣ дар ноҳия мӯътадил аст, аммо мо аз ин набояд хотирҷамъ бошем. Моро зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ риоя намоем”.
Баҳриддин Зиёӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ,ки имрӯз аз сабаби тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим мушкилиҳо эҷод кардааст, изҳори назар намуд. Ба хотир овардани солҳои бебарқӣ кифоя аст, ки имрӯз ин дастоварди муҳими кишвар—истиқлолияти энергетикиро ҳифз намоем.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт гузаронида мешавад.