Ашт: Каратэ-до рушд мекунад

 1 211 боздид

10 августи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Ошоба бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-соли ҷавонон” ва Рӯзи варзишгарон бо иштироки и.в мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия Зариф Боймуротов ва директори Мактаби варзишии №2 Раҳимҷон Муъминов мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба каратэ-до байни ҷавонон, наврасон ва бонувон гузаронида шуд.

Маъсулини соҳаи варзиши ноҳия мақсад аз баргузории чунин як чорабиниро байни ҷавонон, наврасон ва бонувон баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва ривоҷу равнақ додани ин намуди варзиш дар ноҳия арзёбӣ карданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин мусобиқа беш аз 50 нафар ҷавонон, наврасон ва бонувон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Дар охир варзишгарон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.