Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ

Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ

29 декабри соли 1976 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна, соли 1999 ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иҷтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияш дар шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси сариқтисодчӣ соли 2000 оғоз гардидааст.

Аз соли 2005 то 2006 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазифаи мудири қабулгоҳи раиси ноҳия, аз соли 2006 то 2010 мутахассиси пешбари бахши масоили иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия, аз соли 2010 то 2015 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия фаъолияти меҳнатияшро идома дода, аз моҳи октябри соли 2015 то ҳол муовини раиси ноҳия таъин гардидааст. Таҳсилоташ олӣ буда, донандаи забони русӣ ва узбекӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.