Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода

Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода

5 феврали соли 1975 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Баъди хамти мактаби миёна соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси суханшиносӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар соли 1994 ба ҳайси омӯзгори МТМУ №44 ба номи М. Воҳидов оғоз намудааст. Аз соли 2013 фаъолияти меҳнатиашро дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба ҳайси мудири Бахши кор бо занон ва оилаи мақомот идома дода, аз моҳи ноябри соли 2016 то ҳол дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.