Мамадҷонов Зафар Тошматович

Мамадҷонов Зафар Тошматович 20 марти соли 1956 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Маҳмадҷонов Зафар Тошматович соли 1977 Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳандис — энергетик (рӯзона) ва соли 1991 Донишгоҳи сиёсатшиносӣ ва идоракунии давлатии шаҳри Минскро бо ихтисоси сиёсатшиносӣ (рӯзона) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1977 оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт адои вазифан намудааст. Аз моҳи феврали соли 2015 то ҳол мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт мебошад. Бо мукофотҳои давлатии «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Оиладор буда, забони русӣ ва ӯзбекиро медонад.