Ифтитоҳи Маркази эндоҷарроҳӣ дар Ашт

 2 376 боздид

Имрӯз бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт Маркази ташхисӣ табобатии эндоҷарроҳии “Азиз” ба фаъолият оғоз намуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Дадобоев Туйалӣ дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт, Маркази ташхисӣ табобатии “Азиз” ба истифода дода шуд.

Дар расми кушодашавии Маркази ташхисӣ табобатии эндоҷарроҳии “Азиз” роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъкид дошт, ки имрӯз дар ин марказ садҳо кӯдакону наврасон, сокинони маҳал, ҷисман солиму руҳан қавӣ табобат ёфта, дар корҳои созандагиву бунёдкории Ватани азизамон ҳиссаи худро мегузоранд.

Ҷонибек Ҳомидҷонов сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия миннатдории худ ва кулли кормандони тибби ноҳияро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди ин маркази замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замони муосир расонид.

Маркази ташхисӣ табобатии эндоҷарроҳии “Азиз” аз ду ошёна иборат буда, дорои 15 утоқи корӣ мебошад. Барои бунёди ин марказ ба миқдори 452 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Маркази ташхисӣ табобатии “Азиз” 21 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз инҳо 3 нафаршон бо маблағи 22 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Маркази ташхисӣ табобатии “Азиз” дорои утоқҳои ҷарроҳӣ ва баъди ҷарроҳӣ, утоқҳои гузаронидани сӯзандору ва докабандӣ буда, дар ошёнаи дуюм дар назар аст, ки минбаъд утоқ барои табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, табобати дандон, чашм, инчунин утоқ барои рентгени рақамӣ ва ташхиси ултрасадо (УЗИ) бунёд карда шавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.