Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

 1 263 боздид

8 июни соли равон бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маркази таҳсилоти иловагӣ дар маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон ҷойгир буда, сохтмони он 14 июли соли 2017 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ ва саҳмгузории ҷомеаҳои меҳнатии ноҳия оғоз гардида буд. Дар бунёди марказ дар қатори дигар саховатмандон Шарофат Мамадҷоноваи 77 сола низ саҳми арзанда гузошт. Номбурда бо мақсади саҳмгузорӣ дар сохтмони иншооти иҷтимоӣ 33 ҳазор сомонӣ маблағи барои Ҳаҷ ҷамъовардаашро ба сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ масраф намуд.

Бояд гуфт, ки арзиши лоиҳавии бинои дуошёна беш аз 900 000 сомонӣ буда, он дорои 1 толор, 3 утоқи корӣ ва 7 синфхонаи таълимӣ мебошад.

Барои таҷҳизонидани Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт бо лавозимоти зарурӣ ва бунёди буғхонаи алоҳида дар асоси муроҷиатҳои сокинони ноҳия бо ташаббуси Раиси вилоят аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 200 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба марказ 8 адад курсии нарм, 64 адад миз, 8 адад тахтаи синфӣ, 112 адад курсӣ ва 8 адад ҷевон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар лавозимот дастрас карда шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маориф ва фаъолони ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар як корманди соҳаи маориф бояд барои тарбияи насли фардосози миллат ба таври ҷиддӣ муносибат намояд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ истиқбол намуда, иқдоми Шарофат Мамадҷоноваро намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ унвон кард.

Гуфта шуд, ки бинои нави Маркази таҳсилоти иловагӣ барои маорифчиёни ноҳияи Ашт дар арафаи солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаи арзанда мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.