АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ДАР МУЛОҚОТИ ОНЛАЙНӢ ИШТИРОК НАМУД

 353 боздид

Имрӯз, 5 май Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар  нишасти маҷозии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Мулоқоти онлайнӣ дар мавзуъи “Ҷалби сармояи хориҷӣ ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои иқтисодӣ ба он ” ҷараён гирифта, беш аз 100 нафар, масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ, муовинони раиси вилоятҳо, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Мулоқоти онлайнӣ  таҳти раёсати муовини вазири корҳои хориҷӣ Шерализода Шариф Аҳмадҷон баргузор гардида, таъкид гардид: “Ҳукумати мамалакат тамоми чораҳои заруриро барои ҷалби сармояи хориҷӣ андешида истодааст. Раисони шаҳру навоҳиро зарур аст, ки дар ин ҷода аз имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиву сайёҳи истифода намуда бо роҳбарони намояндаҳои дипламатӣ мустақиман ҳамкорӣ намоянд.”
Сипас, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва Сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руссия, ИМА, Белгия ва чанде дигар баромада аз ин пешниҳод боиси қаноатмандӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.