Болопӯши хонаи маданияти Шодоба азнавсозӣ мешавад

 969 боздид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт болопӯши хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Шодоба азнавсозӣ мешавад. Дар ин бора аз ҷамоати мазкур хабар доданд.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ хонаи маданият дар шаҳраки Гулшани ҷамоат воқеъ буда, бинобар фарсуда гаштани болопӯши бино ҳангоми боришоти борон аз боми он об мечакад. Оби аз болпӯш гузашта сифати биноро низ бенур кардааст.

Ҳоло бошад корҳои сохтмонӣ  ва азнавбарқароркунӣ дар болопӯши хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Шодоба идома дорад.  Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти Шодоба, Шодиев Озодалӣ барои болопӯши бино бо ёрии соҳибкорону саховатмандони ҷамоат 570 шифер харидорӣ шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.