АШТ: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод

 777 боздид

Санаҳои 17-18 ноябр, дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод, байни наврасони солҳои таваллудашон 2003-2006 ва 2007-2008, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тибқи иттилои Ҷамшед Насриддинов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт, мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи гуштини тарзи озод байни наврасон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мусобиқаи мазкур ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа дастаҳои Душанбе 1, Душанбе 2, Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд 1, Суғд 2 (н. Ашт), дар маҷмуъ 130 нафар варзишгарони наврас иштирок намуданд.

Дар охир ғолибон бо медал ва дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.