Вохӯрии Мирдадо Зариф бо интихобкунандагон

 1 166 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 14-уми феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии Ҷурабой Муъминов №1 Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Нахуст, шахси эътимодноки номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёбиддинов фаъолият ва зиндагиномаи номзадро ба саъми интихобкунандагон расонида иброз дошт: “ Ҳаёт ва фаъолияти номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мирдадо Зариф пур аз таҷрибаи бойи зиндагӣ ва меҳнатӣ аст. Барномаи пеш аз интихоботии ӯ дар асоси барномаи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон таҳрезӣ гардидааст”.

Баъдан Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия зимни суханронӣ пешниҳод намуд, ки ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, фурӯзон кардани чароғи кӯчаву хиёбонҳо, соҳилмустаҳкамкунии маҳалҳои осебпазири ноҳия, таъмири роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва бартараф кардани камбудиҳои  ҷойдошта дар дигар соҳаҳо фаъолияти худро равона месозад.

Дар идома Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, шомилшавии онҳо ба равияҳои тундгаро ва пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба равияҳои ифротӣ ибрози назар намуд.

Дар охир интихобкунандагон баромад намуда, нисбат ба  ғамхорӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ миннатдории худро баён намуда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки санаи 26-уми феврали соли ҷорӣ зимни баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони ноҳия ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.