АШТ: ГАШТИ ХОНА БА ХОНА

 335 боздид

Тибқи супориши Раиси ноҳия имрӯз намояндагони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, ҷавонон, танзи, кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории коронавирус иқдоми нек зоҳир намуданд.
Ба аҳолии якчанд кӯчаҳои маркази ноҳия, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, бонкҳо суҳбатҳо доир карда шуд. Намояндагони МИҲД-и ноҳия тавсияҳои Вазорати тандурустӣ оид ба риояи қавоиди беҳдоштӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода аз ниқобу дастпӯшакҳои муҳофизаткунанда, беҳуда ба кӯча набаромадан, назорати фарзандон ва насли наврас, дар ҳолати бемор шудан муроҷиат кардан ба табибони оилавӣ ва ба худмуолиҷакунӣ рӯ наовардан, ҳамчунин босамар истифода бурдан аз участкаҳои наздиҳавлигиро ба сокинони ноҳия бозгӯ намуданд.
Бо даст салом накардан, фосиларо нигоҳ доштан, дар нақлиёти шахсӣ ғизо истеъмол накардан, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар маҳлулҳои зиддивирусӣ, вақти бо зарурате аз хона баромадан бо худ гарданпеч ва ё рӯймолча гирифтан таъкид карда шуд.
Аз падару модарон хоҳиш карда шуд, фарзандони донишҷӯяшонро ҳатман тӯли ду ҳафта дар ҳолати карантин нигоҳ доранд ва ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ба ҳар нафар тавсияномаҳои Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятӣ тақсим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.