ҲАР ШОМ, КИ ОЯД, ЗИ ПАЙИ ОН САҲАРЕ ҲАСТ (Ҷонибдорӣ аз корҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат)

 476 боздид

МИҲД-и ноҳияи Ашт ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва ҳимматбаландии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби МИҲД-и ноҳия дар чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди пандемияи КОВИД-19 ба маблағи 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ба суратҳисоби “Эпидфонд”, ки дар фонди хайриявии МИҲД-и ноҳия (Амонатбонк) таъсис ёфтааст, гузаронида, барои харидории маводҳои зарурии соҳаи тандурустӣ масраф шуда истодааст.
Ҳамзамон дар пайравӣ ба иқдоми неку инсонпарваронаи Сарвари давлат соҳибкори маҳаллӣ Мамадҷонов Шуҳратҷон 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ба суратҳисоби “Эпидфонд” гузаронид. Дар ин радиф кормандони Раёсати омори ноҳия маоши якрӯзаи худ ва ҳоҷиён хайри худро ба суратҳисоби болозикр гузарониданд. Кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия ба суратҳисоби фонди ҷумҳуриявии хайрияи муқовимат бо коронавирус ба миқдори 2 500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ворид намуданд.
Ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт музди маоши якрӯзаашонро ба суратҳисоби фонди хайриявии МИҲД-и ноҳия гузаронидаву аксияи “Ниқоб” аз ҷониби ҳизбиён дар корхонаву ташкилотҳо, кӯчаву маҳаллаҳо бо тақсими ройгони ниқобҳо доир намуданд.
Ба Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ аз тарафи мудирияти гурӯҳи “Шайдони ман” ба миқдори 50 кг хокаи хлор ва 1 адад таҷҳизоти дорупошаки безараргардонӣ тақдим карда шуд.
Барои шабонарӯзӣ дастрас будани доруворӣ аз тарафи Раиси ноҳия нақшаи навбатдории дорухонаҳои ноҳия тасдиқ шуда, вобаста ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дорухонаҳо ҳамарӯза 24 соат тибқи нақшаи болозикр фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати гирифтани маълумот ба муаммо ва мушкилоту суолҳои худ дар назди Маркази саломатӣ ва хонаҳои саломатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Маркази маслиҳатӣ-машваратӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб таъсис дода шудааст.
Ба маркази саломатии ноҳия аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ба миқдори 100 кг маводи безараркунӣ (хлор) дода шуд. Инчунин аз тарафи соҳибкорон ва ашхоси босаховат С.Сабуров, Э.Шералиев, С.Ваҳҳобова, Ҳ.Худойбердиев, Ш.Мамадҷонов ва Ш.Умурзоқов ба марказҳои саломатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба маблағи 7525 сомонӣ як адад ҳароратсанҷи фосилавӣ (тепловизор), 43 адад либоси муҳофизатии бисёркарата дастрас карда шудааст.
Бо дастгирии пайвастаи МИҲД-и ноҳия аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, шуъбаи дезинфексионӣ-профилактикӣ ва Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ш.Шайдон дар корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, масҷидҳо, боғу майдонҳои бозии бачагона, толору майдонҳои варзишӣ, кӯча ва маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, хонаҳои истиқоматӣ, даромадгоҳи ноҳия мунтазам корҳои безараргардонӣ доир шуда истодаанд.
Аз ҷониби табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ гашти хона ба хона доир гардида, шахсони аз бемории роҳи нафас ба қайд гирифташуда, табъдорон таҳти назорати онҳо қарор доранд.
Барои бистарӣ намудани ашхоси бо ташхиси илтиҳоби шадиди шуш дар ноҳия 110 адад кати бистарӣ омода карда шудааст.
Шахсони саховатманд ва ташкилотҳои давлатӣ, чун Ҳувайдуллоева Нозанин, Мирзоева Матлуба, Турсунов Музаффар, Дадоматов Ислом, Орипова Наргис, Мирзоев Ғуфрон, Масолиев Шокирҷон, Ахмедов Ҳоҷимуҳаммад, Ашуров Акмал, Мирзоматов Ҳусейн, Мирзоев Рафтор, Умаров Баҳром, Самиев Раҳимҷон, Абдувализода Муҳаммад, Худойбердиев Ҳотам, гурӯҳи “Шайдони ман”, Идораи ниҳолпарварӣ, Ширкати “Роҳи Сомон”, гурӯҳи волонтёрони шаҳри Хуҷанд бо номи Оператсия “СИЗ” дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат ба беморхонаи марказии ноҳия дасти сахои худро дароз намуда, ба маблағи 36600 сомонӣ маводи хӯрока, дастпӯшакҳо, либосҳои худмуҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, балони кислород ва оби нӯшокии тоза дастрас намуданд. Аз ҷониби соҳибкор Раҳмонов Зафар ба 16 нафар кормандони шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳия маводи хӯрока (16 халта орд, 80 литр равған) тақдим гардид.
Аз ҳисоби сарвари МНДСЭ-и ноҳия М.Мирзоев ба маблағи 12310 сомонӣ лавозимоти зарурӣ барои марказ ва сохтмони қисми навбатдорӣ масраф карда шуд.
Мардуми хайрхоҳу саховатманди ноҳияи Ашт ноумед нестанд ва пайваставу дастаҷамъона сайъ доранд, то ба зудӣ ин вабои аср рафъ гардад.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст!
Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.