АШТ: РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУНУК ВОХУРӢ АНҶОМ ДОД

 456 боздид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ вохӯрии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук доир гардид. Дар чорабини роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони шубаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамроҳӣ намуданд. Зимни баромади хеш роҳбари ноҳия таъкин намуд:
-Боиси қайд аст, ки дар ин муддат сокинон ва соҳибкорони бонангу номус ва хайрхоҳу саховатпешаи Ҷамоати деҳоти Пунук ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар зебову обод гардонидани диёр саҳми назарраси худро гузоштанд.

Аҳолии Ҷамоат асосан ба соҳаи кишоварзӣ машғул буда, ба ҳолати семоҳаи аввали соли 2022 339 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки 55 адади онро занон роҳбарӣ менамоянд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат кишти баҳорӣ 583 га ба нақша ва корбарӣ гирифта шудааст, ки аз он ғаллаи баҳорӣ 83 га, лӯбиёгиҳо 15 га, картошка 37 га, сабзавот 10 га, полезӣ 20 га, маккадона 5 га, пахта 80 га, зироатҳои равғандеҳ 55 га буда, боғи нав 30 га бунёд карда шудааст.

Дар ҳудуди ҷамоат коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ мавсимӣ фаъолият менамоянд, ки дар таъмини аҳолӣ бо масолеҳи сохтмонии худӣ саҳми арзанда доранд.
Мулоқот бо мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Пунук дар фазои озоду самимӣ ҷараён гирифта, сокинон вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ба сарвари ноҳия муроҷиат намуданд. Шӯҳрат Муҳаммадзода барои ҳалли мушкилоти сокинон ба масъулини дахлдор супоришҳои амиқ дод.
Зимни вохӯри Раиси ноҳия соҳибкорони маҳаллиро даъват намуд, ки барои ободу зебо гардонидани диёр саҳми худро гузаранд. Бо пайрави ба иқдомҳои ободкоронаи сарвари ноҳия соҳибкори маҳаллӣ Улфатбек Ёқубов ташаббус намуд, ки барои ободии роҳ 25 ҳазор сомонӣ саҳмгузор ва бо ду соҳибкори дигар дар ҳудуди ҷамоат майдончаи варзишӣ месозад.
Дар фарҷом сокинон аз таваҷҷуҳи пайвастаи раиси ноҳия изҳори сипос намуданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.