Иштироки зиёда аз 17 ҳазор нафар дар дави миллӣ

 1 188 боздид

Имрӯз, 21-уми май бо иштироки раиси ноҳияи Ашт ва бо ҷалби васеи сокинони ноҳия дави миллӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 3 ҳазор сокинони маркази ноҳия, аз он ҷумла, ҷавонон, наврасон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Дави миллӣ дар шоҳроҳи ноҳия аз назди даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷараён гирифт.

Баъди анҷоми дави миллӣ дар саҳни Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов раиси ноҳияи Ашт иброз дошт, ки барои солимии ҷисм ҳар шахс бояд ба варзиш машғул бошад. Баргузории дави миллӣ дар саросари кишвар, аз он ҷумла дар ноҳияи мо низ барои солими ҷомеа равона карда шудааст.

Сипас раиси ноҳия ба 23 нафар беҳтаринҳо Сипоснома ва рамзи дави миллиро ҳамчун туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Тавре Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ дод,  имрӯз дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия низ дави миллӣ баргузор гардид. Дар маҷмӯъ зиёда аз 17 ҳазор нафар сокинони ноҳия дар дави миллӣ иштирок намуданд.

Хотирасон менамоем, ки дави миллӣ 10-ум сол аст, ки бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи дави миллӣ 28 марти соли 2007 таҳти №225 ба тасвиб расида, аввалин дави миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 баргузор гардида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.