Мо зидди терроризм, ифротгароӣ  ва   ҲНИТ

 1 117 боздид

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо ҷомеаҳои омўзгории муассисаҳои таълимии ноҳия  фаъолияти   ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ТЭТ ҲНИТ-ро омўхта, оид ба баста шудани ин ҳизб андешаҳои худро перомуни ин иброз медорад.

Дини мубини ислом дар байни ҳамаи динҳои олам яке аз динҳои бонуфуз этироф гашта, қисми зиёди бошандагони олам мусулмонон мебошанд. Дини ислом таҳаммулпазирӣ, бахшояндагӣ, меҳрубонӣ, ростқавливу  ростгўӣро талқин намуда, ҷомеаро ба покизакорию озодагӣ ва ҳалолкорӣ ҳидоят мекунад.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷо овардани талаботҳои  қонуни шариат-дини ислом ҳамаи шароитҳо фароҳам овардааст. Ҳамасола дар арафаи иди Қурбон дар асоси талаботу дархостҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷо овардани яке аз рукнҳои асосии дини ислом ба зиёрати хонаи Худо –Маккаи мукаррама фиристода мешаванд.

Дар тамоми таърихи инсоният ва ба вуҷуд омадани дини мубини ислом  Худои бахшандаву меҳрубон ба  тамоми бандагонаш  муруввати худро дареғ надоштааст.  Аммо имрӯз ба назар чунин мерасад, ки бандагони ношукр ҳам дар байни ҷомеа ҳастанд.

Ба назари мо суоли матраҳ ин аст, ки оё ташкил намудани ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ташкилоти экстрамистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом баъди чунин ғамхориҳову озодиҳои динӣ зарур буд?  ТЭТ ҲНИТ чӣ мақсад дошт?   Барои пешравии Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва беҳтар намудани шароити зисти мардум чӣ корҳоеро ба сомон расонидаву илтифоте нишон додааст?

ТЭТ ҲНИТ аз тарафи шахсони алоҳида бо мақсади ба даст овардани вазифаҳои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, қисме аз мардуми оддиро олудаи гуноҳи худ кардаву ба доми худ кашид. Мақсади асосии ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ба ҷои ба сулҳу салоҳ ва шукргузорӣ овардани мардуми Тоҷикистон бо дастгирӣ ва маблағгузории душманони бурунмарзии Тоҷикистон ташкил намудани бесарусомонӣ ва носипосии мардуми тоҷик буду халос. Тасдиқи ин гуфтаҳо имрўз бархе аз  ҳамватанони мо бо маслиҳату маблағгузориҳо  ва фиреби  мардуми аҷнабӣ дар давлати Сурия гўё, ки ҷиҳод мекунанд, сарсону саргардон, аз ватан дуру дар фироқи хешу табор ва зану фарзанд қарор доранд.

Дар урфият мегӯянд: “Пушаймонӣ суд надорад” аммо бо  вуҷуди ин ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои баргаштани шаҳрвандон аз кишварҳои хориҷ ва авфи гуноҳҳои онҳо шароит фароҳам овардааст.

Аз таъсири дастгириҳои давлатҳои Ғарб имрӯз зиндагии мардуми Либия, Ироқ, Сурия ва Яман ба дўзах табдил ёфта, шаҳрҳои ободу зебои тарихии ин кишварҳо ба хароба  табдил ёфтаанд. Мардуми фиребхўрда дар пайи инқилобҳо осоиши рӯзгори худро аз даст додаанд.

Савол ба миён меояд, ки барои чӣ дар дини ислом ҳамасола равияҳои нав, ба монанди салафия, таҳрир ба миён омада истодааст? Барои чӣ дар тамоми динҳои олам 1 равия мавҷуд асту халос? ин ҳама хилофи  дини мубини ислом ва таълимоти  Қуръони маҷид  аст.

Ҳамаи ин равияҳои нав маҳз бо ташаббуси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ТЭТ ҲНИТ ба миён омада истодааст. ТЭТ ҲНИТ мардуми зудбовар ва софдили тоҷикро фирефтаи доми худ  гардонида,  барои пешравӣ ва гул-гулшукуфии Тоҷикистон монеа  эъҷод намуда истодааст.

Мо дар давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ бо риояи қонунҳои давлатӣ, пос доштани қонунҳои шариативу динӣ, риояи қадриятҳои миллӣ , бо меҳнати ҳалол обрўю  нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ  баланд бардошта зиндагӣ кардан  мехоҳем.

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро бинобар барои пешравии Тоҷикистон саҳм нагузоштанаш эътироф кардан намехоҳем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.