АШТ: 23 нафар ба ҳаҷ сафарбар мегарданд

 492 боздид

Имрӯз, 25 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо Раиси ноҳия бо нафароне, ки барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд мулоқот намуд.
Зариф Мирдадо зимни баромади худ зикр дошт, ки имрӯз тасмим гирифтем бо Шумо ҳаҷравандагон аз наздик суҳбат намуда бошем. Зимни сафари Ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш насозед, зеро дар Арабистони Саудӣ халқи тоҷик эҳтироми хос доранд ва мо набояд ин эҳтиромро коста гардонем. Мо бояд ба арзишҳои миллӣ, ватану ватандорӣ эҳтиром гузорем.
Мавриди зикр аст, ки дар мавсими имсолаи ҳаҷ аз ноҳияи Ашт 23 нафар зоирин бо роҳбаладии 1 нафар ба Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷ сафар хоҳанд кард.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.