АШТ: Боздиди муовини Раиси вилоят аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия

 56 боздид

Нимаи дуюми рузи 16 августи соли равон, муовини Раиси вилояти Суғд Назирӣ Зариф ва муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маҳмудзода Абдуазиз ҷиҳати шиносоӣ аз нашъунамои пахта, кишти такрорӣ ва омодагиҳо ба кишти тирамоҳӣ ба ноҳия ташриф оварданд.
Меҳмононро дар сарҳади ноҳия Раиси ноҳия Мирдадо Зариф истиқбол гирифта, ҳамроҳӣ намуданд.
Муовини Раиси вилоят аз хоҷагиҳои пахтакор, хоҷагиҳои кишти такрорӣ гузаронида, рафти омодагиҳо ба кишти тирамоҳии ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Шодоба, Ифтихор, Ориён ва Ашт аз наздик шинос шуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати суръатбахшии кишти такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили пахта, сабзавот ва полезиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.