АШТ: Боздиди роҳбарияти ноҳия аз пойгоҳҳои обкашии ноҳия

 275 боздид

Нимаи дуюми имрӯз, санаи 17 – уми декабри соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз пойгоҳҳои обкашии ноҳия дидан намуда, ба роҳбарияти идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайяншуда омода намудан ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Асоссиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия корҳо оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ бомаром идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.