Нимаи дуюми имрӯз санаи 16 — уми ноябри соли ҷорӣ дар дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия дар баромади худ зикр дошт, боиси ифтихор аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14 майи соли 2016 дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои ин марди хирад, инсони накӯкор, Роҳбари ғамхору дилсӯз дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ – таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хираду халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатмон ноил шудем.
Маҳз, тавассути талошҳои Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохташаванда тағйир дод.
Бо дарназардошти ҳамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11 декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургашон дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Баъди интихоби роҳбари нави давлат тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт.
Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд.
Ҳурмату эҳтироми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.
Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамоянд.
Метавон ёдовар шуд, ки хизматҳои ин марди наҷибро нисбат ба давлату миллат ҳаргиз фаромӯш ношуданист. Зеро заҳмату саъю кушишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон ба як умр боқӣ хоҳад монд.
Имрӯз метавон қайд намуд, ки баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст.
Шукр бояд кард, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марди сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огоҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.
Бо ифтихори бузург метавон гуфт, ки Ӯ ҳамон роҳбаре аст, ки боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик гардида, роҳбаре аст, ки дар арсаи номусу нанг, роҳкушои садҳову ҳазорҳо насли ояндаи миллат хоҳад буд. Ӯро созанда номид, зеро Роғунро сохт.Ӯро бунёдгузор номид, зеро Ӯ шоҳроҳҳои бузургро бунёд намуда, Тоҷикистонро ба давлатҳои дунё пайваст кард-нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон, Истиқлолияти энергетикиро амалӣ намуда, хатти баландшиддати барқии Ҷанубу Шимолро пайваст сохт. Ӯро ҳамчун ташаббускор номид, ташаббускоре, ки вобаста ба масолии об дар ҷаҳон шинохт ва кишварҳои олам дар пайи татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қарор гирифтаанд. Ӯро таърихнигоре донист, зеро дубора дар арсаи таърих номи неки тоҷиконро зинда карда ва дар қатори фарҳангиёни дигари олам ҷо намуд.
Хуллас, Ӯро Пешво номид, Пешвое, ки халқ интихобаш кардаасту агар садҳо маротибаи дигар раъйи мардум бипурсанд, боз ҳам интихобаш ӯст.
Метавон гуфт, ин абармард бо забони ширини тоҷикӣ бори аввал аз минбари Созмони Милали Мутаҳҳид ҳанӯз соли 1993 суханронӣ карда, ба бештар аз 200 кишвари ҷаҳон забони моро муаррафӣ намуданд.
Сулҳу ваҳдатро пойдор, кишварро амну обод, миллатро сарҷамъ, таърихи пурифтихори моро эҳё карда, мактабу илму маорифро рушд доданд ва тавассути заҳматҳои сангин, кори шабонарӯзии тавъам бо ҷонфидоиҳову азхудгузаштанҳо ва ибтикороти созандаву бунёдкорона давлати тоҷиконро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиру пешрафта гардонданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар остонаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳи миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ хушхабаре расид ва ҷомеаи сулҳпарвари ҷаҳонро бори дигар хушҳолу болида гардонд, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик, фарзонафарзанди Тоҷикистон, абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин мукофоти олии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордилро месазад тибқи дастурҳои Президенти кишварамон амал намуда, ба қадри обу хоки сарзамини биҳиштосо расида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Ин аст, ки халқ Сарвари давлатро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Бинобар ин, аз дониш, таҷриба, масъулият ва ҷасорати Сарваи давлат мебояд омӯхту таҷриба андӯхт ва дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои гуногун онҳоро дастури кор ва фаъолияти худ қарор дод.
Ба Шумо мардуми ноҳия Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, дар хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва диёри биҳиштосои Тоҷикистон тинҷу сулҳу амонӣ пойдор бошад.
Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ
Зиҳӣ, садсолаҳо — Пешвои миллат!
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.