АШТ: ФАЗОИ ОРОМ ВА ОБОДРО ҶОНИБДОРЕМ

 452 боздид

Дар даврони Истиқлолият халқи тоҷик баъди истиқрори сулҳ бо сарвари хирадманди худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла, дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, таъмини мардум бо нерӯи барқ, сохтмону таъмири роҳу пулҳо ноил гаштааст.

Дар замонҳои сангину вазнин мардуми шарифи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар паҳлӯи роҳбари давлат муттаҳид гардида, барои барқарор кардани эмори давлатдории тоҷикон нақши муҳим бозидаанд. Ҳодисаҳои рӯзҳои охири дар вилояти Бадахшон исбот намуд, ки афроди бадхохи миллат ҳанӯз ҳам ниятҳои нопоку ғаразноки худро дар амалӣ сохтан кӯшиш доранд. Аммо мардум ва мақомот мубориз будани мақомотҳои қудратӣ тири бадхоҳонро ба хок зад.

Имруз мардуми ноҳияи Ашт барои ҳодисаҳои охир дар Бадахшон ғамшарик буда, ҳамеша дар паҳлӯи мардуми меҳнаткаи бародар ҳастанд. Мо дар паҳлӯи Пешвои муаззами миллат қарор дорем ва ҳар гуна нияти нохалаф, ки ба сӯйи мардуми тоҷик нигаронида шудааст, сарнагун месозем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.