АШТ: Фестивал озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ҷамбаст гардид.

 5 223 боздид

АШТ: Фестивал озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ҷамбаст гардид.

26.07.2023

Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» даври якуми Фестивал озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи  мероси щайримодди фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну  солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2023,  №АП318 тасдиқ шудааст, дар асоси Низомномаи баргузори Фестивал-озмун аз рӯи 12 бахш баргузор карда шуд.

Дар Фестивал озмуни мазкур муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, директор Олимҷон Юсупов, Набӣ Ҷуразода, Қобилҷон Қомилзода, Назира Ҳамдамова, Қурбонова Моҳиниссо иштирок намуда, аз бахшҳо дидан намуда, дар умум 105 хол сазовор донистанд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал озмуни ҷумҳуриявӣ телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои  нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум бо фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани ансанблу гурӯҳҳои эҷодӣ  дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба бехтарин бахшу иштирокчии Фестивал озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.