АШТ: Идомаи вохурии  вакили  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ бо итихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ифтихор

 719 боздид

19.10.2022

Дар идомаи силсилавохуриҳо   имруз, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусусӣ “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо  итихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ифтихор  баргузор гардид.

Вохури дар толори МТМУ-и №8, Ҷамоати деҳоти Ифтихор доир  гардида, дар он Прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва роҳбари дастгоҳи  Раиси ноҳия Фарҳодзода Хуршед, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, роҳбарони корхонаю таҳкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имом-хатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Дар оғоз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар бобати “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ба таваҷҷӯҳи ҳозирин маъулмоти муфассал пешниҳод намуд:

“Зиндагӣ ва таҷрибаи ҳаёт дар таърихи навини тоҷикон собит сохт, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ агар дар ҳаёти сиёсии кишвар аз ҳодисаҳои муҳимму пурарзиши миллӣ бошад, ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкиму гиромидошти он муҳимтар аз он аст.

Инро мо дар мисоли муносибату фаъолияти Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшану возеҳ мушоҳида мекунем, ки ин ҳодисаи муҳими таърихиро бо худшиносии баланди миллиашон ба арзишмандтарин муваффақияту нодиртарин музаффарият табдил доданд.

Қобили зикри махсус аст, ки дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Роҳбари тозаинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал ба ҳаллу фасли масъалаҳои муҳим иқдом карда шуд.”

Дар идома Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои корҳои саҳроӣ, ободу зебосозӣ, пеш бурдани саноат  дар даврони соҳибистиқлол баёни андеша намуд. Ҳамзамон ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ноҳия таваҷҷӯҳи махсус кард:

Дар ҷамоати деҳоти Ифтихор дар ин муддат таъмини истеҳсоли пахта ба 80,4 фисад расонида шудааст. Нишондиҳанда  баланд аст ва ман медонам, ки хоҷагиҳои пахтакори Ифтихор аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақша муждаи зафар медиҳанд. Дар ин радиф мебояд мо ба  ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аҳмияти авалиндараҷа зоҳир намоем. Ҳар як омӯзгор ва ходимони маорифро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандориву ватанпарвари тарбия намудани насли ояндасоз корбариро дучанд намоянд. Бо дастур ва таваҷҷӯҳи Пешвои муззами миллат шароити будубош дар қисмҳои ҳарбӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳони муосир аст. Танҳо, мо вазифаи муқаддаси худ, хизмат дар Артиши миллиро баҷо орем бастанда аст.  ”

Сипас, Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар  вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ маълумоти муфассал дод. Зимни баромад зикр гардид, ки дар тарбияи насли меҳанпараст ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои амалкунанда вазифадор аст.

Дар идома байни сокинон ва меҳмонон сӯҳбати ошкоро ҷараён гирифта, як қатор мушкилотҳои муроҷиаткунандагон ҳалли худро ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки  чунин вохуриҳо дар дигар ҷамоатҳо низ ба назар гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.