АШТ: ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР АРАФАИ ИДИ ҒАЛАБА АЁДАТ ГАРДИДАНД.

 733 боздид

      Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҳоло дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз субботи комили кишвар зиндагӣ доранд, дар арафаи 9-май аёдат гардиданд.

      Варламов Андрей Николаевич-Консули Федератсияи Россия ва намояндаи консулгарии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Азимбой Азизӣ барои  аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро) ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон) ба ноҳия ташриф оварданд.

 Меҳмононро аз номи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

     Зимни ташриф намояндагони  аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба муносибати 78-умин солгарди Иди Ғалаба таҳният намуда, шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

  Дар вақти суҳбат меҳмонон аз заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони ҳарбу зарб ва муқовимати шадид алайҳи душман ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти ғамхории бевоситаи роҳбарони ду давлат қарор доранд. Дар фарҷом Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, сиёсати одилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва таваҷҷӯҳи Президенти Федератсияи Россия даст ба дуо бардоштанд ва аз таваҷҷуҳи воло минатпазирии худро баён намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.