АШТ: ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД

 133 боздид

     Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи кории Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз, Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъалаи кишти такрорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои самаранок истифода намудани ҳар порчаи заминҳои кишоварзӣ ба масъулин дастур дод. Дар ҷаласа роҳбари ноҳия барои кишти турб, сабзӣ ва дигар намуди зироатҳо тавсеаҳои худро изҳор дошт.
Баъдан ба масъалаҳои таъмини хонандагон бо либоси хушсифати мактабӣ Раиси ноҳия эътибор зоҳир намуда гуфт:
“Бояд дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷалби коргоҳҳои дузандагӣ аз қаламрави ноҳия ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида шавад. Иқтисоди бозоргониаст ва ҳар нафар метавонад аз коргоҳҳои дузандагии дилхоҳ бо нархи арзон ва сифати баланд харидорӣ намояд.”
Дар ин замина шахсони масъул вобаста гардиданд, ки рӯзҳои наздик дар маркази ҷамоатҳо ярмаркаи либосҳои мактабиро ташкил намоянд. Масъалаҳои таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо об, бандубаст ва коркарди хуч, ташкили ҷойҳои кории иловагӣ, бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ аз таҳлилҳои амиқи Шӯҳрат Муҳаммадзода буд.
Баъдан, бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 24- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ “Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан” Муҳаммадиев Рафторҷон, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд.
Зимни табрикоти хеш Раиси ноҳия аз хизматҳои созгори Рафторҷон Муҳаммадиев дар самти кишоварзӣ ва соҳаҳои мухталиф ёдовар шуд. Дар маросими гусел гуфта шуд, ки мақомот минбаъд низ ба дониш, маҳорат ва таҷриббаи пирони кор такя менамояд ва хизматҳои шоёни онҳоро фаромӯш намесозад.
Бо супоридани номаи шодбошӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ ҷаласаи корӣ хотима ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Ашт

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.