АШТ: Ҷаласаи корӣ оид ба “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.

 40 боздид

Санаи 22-юми ноябри соли 2021 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Ашт будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Силмонов Ямин, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷуразода Шамшод, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа муовини Раиси ноҳия доир ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия оид ба амалисозии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба ҳама субъектҳое, ки бевосита ба экстремизм муқовимат мекунад ва субъектҳое, ки дар ин муқовимат иштирок менамоянд, суханронӣ намуд.
Оид ба мафҳумҳои экстремизм ва терроризм намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Ашт будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Силмонов Ямин, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷуразода Шамшод баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби муовини Раиси ноҳия оид ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дастуру супоришҳо дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.