АШТ: МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ  ДОИР ГАРДИД

 436 боздид

16.08.2022

Имрӯз   дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода чор масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод:

  1. Рафти корҳои саҳроӣ ва омодагӣ ба мавсими ғунучини пахта.
  2. Рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ.
  3. Ҳолати кори комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ.
  4. Рафти иҷрои нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷамъомад  роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кишоварзон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор ширкат намуданд.

Дар оғози машварати корӣ муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед аз рӯи рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, оид ба бурду бохти ноҳия гузориши муфассал дод.

Раиси ноҳия зимни баромади хеш таъкид намуд:

“Бо дастгирии пайвастаи  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия барои нашъунамои маҳсулотҳои кишоварзӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, мо бояд аз ҳар ваҷаби замини корам самаранок истифода бурда, захираи дусолаи маҳсулоти донагиро дошта бошем.” Баъдан, роҳбари ноҳия дастур дод, ки бо сабаби фаро расидани ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ҳолатҳои тамоми техникаҳои соҳаи кишоварзӣ аз муоинаи техникӣ пурра гузаронида шаванд.

Дар рафти ҷамъомад роҳбарияти ноҳия  аз ҳолати кори комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ пурсон шуда барои беҳтар намудани кори комиссия дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар қисмати ободонӣ бошад Шӯҳрат Муҳаммадзода афзуд, ки дар идомаи ташаббусҳои Раиси ноҳия сокинони сарбаланди Ҷамоати деҳоти Пунук роҳи мошингарди “Навбунёд -Дӯстӣ”-ро дар фазои мутаҳиддии сокинон тариқи ҳашар бо асфалти гарм таъмир карда истодаанд, ки бозгӯи дӯстдории Ватан мебошад.  Мардуми меҳнатқарини Ҷамоат тавонистанд дар муддати кӯтоҳ 650 ҳазор сомонӣ барои роҳ маблағ ҷамъоварӣ намоянд.

Сипас, ба муносибати таъин шудан ба вазифаи сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Бахтиёр Усмоновро сарвари ноҳия шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки ин нафар таҷрибаи кофии роҳбарӣ дошта, тамоми дониш, малака ва маҳорати худро барои рушди соҳа равона мекунад.

Дар фарҷом ба масъулин Роҳбари ноҳия  дастур дод, ки давоми як ҳафта тамоми супоришҳо ҷиддан ба назорат гирифта шуда, аз иҷрои он маълумоти хаттӣ пешниҳод гардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.