АШТ: МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ АНДОЗ

 548 боздид

Имрӯз дар толори Нозироти андози ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва кормандони соҳаи андоз ҷаласаи корӣ баргузор шуд. Мақсад натиҷагирии иҷроиши андоз дар панҷ моҳи соли равон ва вазифаҳо ба давраи минбаъда буд.
Қайд карда шуд, дар моҳи май буҷети давлатӣ 70,1% (-1261,0 ҳ.с) ва буҷети давлатӣ ба миқдори 70,7% (-907,0 ҳ.с) иҷро гардидааст.
Барои ҷамъоварии маблағҳои андози соҳибкорӣ аз патенту шаҳодатнома ва андози хоҷагиҳои деҳқонӣ 9 нафар масъулин ба ҷамоатҳо вобаста шуда буданд. Дар маҷмӯъ аз 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 823, 1 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ворид шудааст, ки 54,9 фоизи нақша аст. На ҳамаи кормандони соҳаи андоз нақшаи ба дӯш доштаи худро иҷро карданд. Ин аст, ки 675,9 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид нагардид.
Воридоти андоз аз ҳисоби боҷу нақлиёт (нақша—550,0 ҳ.с) бошад, 24 дарсад иҷро карда шуд.
Нақшаи андоз аз бонку намояндагиҳо 374,0 ҳ.с. муқаррар гардида буд, аз ин ҳисоб 368,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 98,4 фоизро ташкил медиҳад.
Андоз аз ҳисоби амволи ғайриманқул (амвол ва замин) 76, 9 фоиз иҷро шудааст.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҷиҳати иҷроиши андози шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, андозҳои замин ва амвол, сабабҳои иҷро нагардидани онҳо аз масъулини соҳа пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар ин самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
—Имрӯзҳо дар ҳама минтақаҳои кишвар барои иҷроиши нақшаҳои андоз мушкилиҳо пеш омадаанд,—гуфт роҳбари ноҳия. –Аммо мо масъулем, бо тамоми ҳастӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои пешгузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки бегумон аз иҷрои нақшаҳои андоз вобастагии калон дорад, бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намоем.
Сардори Нозироти андози ноҳия О.Шодиев гуфт, минбаъд ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта бо истифода аз имконоти мавҷуда ва масъулияти беш фаъолият хоҳанд бурд.
Бояд гуфт, ноҳияи Ашт, ки макони меваҳои шаҳдрез аст, ҷиҳати содироти мева қадамҳои устувор дорад. Тибқи иттилои муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода то санаи 2 июни соли равон аз ноҳияи Ашт 1955 тонна меваи тар ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки аз ин миқдор 1933,5 тонна зардолу ва 21,5 тонна гелос мебошад. Мева асосан ба Федератсияи Россия тавассути ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шуда истодааст.
Ба бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар содирот мешавад.
Боиси қаноатмандист, ки аз ҷониби ширкати “Оби зулол” барои коркарду истеҳсоли афшураи зардолу то имрӯз 12 тонна меваи тар харидорӣ шудааст ва ин амал то охири мавсим идома хоҳад ёфт.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.