АШТ: РАИСИ НОҲИЯ  БО ЗОИРИНИ “ҲАҶ-2023” ВОХУРӢ НАМУД.

 769 боздид

12.06.2013

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳаҷравандагон доир гардид.

Аз ноҳия барои мавсими “Ҳаҷ-2023”  ба Арабистони Саудӣ сафарбар хоҳанд кард.

Дар мулоқот бо зоирин Раиси ноҳия таъкид дошт:

“Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ва истиқлолияту ваҳдати миллӣ имрӯзҳо сафарбаркунӣ ва ташкили шароит барои зоирин (ҳаҷкунандагон) беҳтар шуда ин раванд идома дорад.  Дар ҳамин ҷода ба ҳамаи Шумоён зоирин сафари бехатар, имони комил таманно намуда, орзу дорам, ки ҳамаи дуоҳои неку хайрхоҳонаи Шумо иҷобат гардида, сиҳату саломат ба Ватан баргардед.”

Роҳбари ноҳия аз шахсони рӯзгордида даъват ба амал овард, ки дар бедор кардани ҳисси ватандустиву меҳанпарастӣ байни ҷавонон тарғибу ташвиқотро пурзур намоянд.  Бо ин васила  метавон  пеши роҳи  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣро гирифт.

Баъдан, Мараҷабов Озодқул (ҷ.д.Ашт),  Имомализода Зиё(ҷ.д. Понғоз), Сабуров Садриддин (ҷ.д. Ашт) бо шукргузори аз сиёсати давлату ҳукумат барои таваҷҷуҳи пайваста ба роҳбари ноҳия изҳори сипос намуда, ибороз доштанд, ки дар партави иқдомҳои Раиси ноҳия дар ободониву созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия ба сафаркунандагон роҳи сафед таманно намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.