АШТ: РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН ВА БӮСТОН АЗ ПАХТАЧИНОН ХАБАР ГИРИФТАНД.

 772 боздид

АШТ: РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН ВА БӮСТОН АЗ ПАХТАЧИНОН ХАБАР ГИРИФТАНД.

11.10.2023

Имрӯз, бо мақсади хабаргирӣ аз сокинони шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон, ки дар ноҳияи Ашт бо чиниши пахта машғуланд,  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Меҳмононро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони дахлдор қабул ва ҳамроҳӣ намуд.

Меҳмонон аз рафти чиниши пахта дар хоҷагии деҳқонии “Суҷҷа”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба  шинос шуда, ба сокинони  худ мулоқот намуда, аз шароити буду бош ва таъминот ба хӯроки гарм пурсон шуданд.

Чинакчиён  аз шароит изҳори қаноатмандӣ намуда, барои саривақт ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед баёни андеша намуданд.

Сипас, меҳмонон дар чиниши пахта иштирок намуданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинон ва пахтачинон суҳбат ороста, роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии пахтакорони ноҳия рӯёнидани ҳосили хуб мебошад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.