АШТ: Семинар-машварат барои хизматчиёни давлатӣ

 524 боздид

Санаи 15 феврал, дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, семинар-машварат оид ба масъалаҳои корҳои ташкилӣ, омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ, коргузорӣ, тартиб додани сандҳои назоратӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ва корҳои идеологӣ гузаронида шуд.

Дар кори семинар муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт Баҳриддинзода Ақлиддин, мудирон ва сармуттахассисони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисон, муовинон, котибон ва мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо иштирок доштанд.

Муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ дар кори семинар ҷиҳати дуруст навиштани мактуб, ахбор ва ҳисобот ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят сухан гуфт ва бо мисолҳои мушаххас ва фаҳмо ба иштирокдорон нишон дод.

Тавре ба мо роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт Баҳриддинзода Ақлиддин иттилоъ дод, мақсад аз баргузории семинар-машварат пеш аз ҳама тақвияти корҳои ташкилӣ, густариши фаъолият дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, коргузорӣ, кор бо асноди назоратӣ қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулони дастгоҳи Раиси ноҳия мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.