АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА АЗ РАФТИ КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ДИДАН НАМУД

 234 боздид

Имрӯз, 01.07.22 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳои дурдасти Мулломир ва Кулихуҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон дидан намуд. Дар сафари корӣ сарвари ноҳияро сардорони шуъбаҳою бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масуълини самти замин ва дигар шахсони дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. Дар оғоз масъалаи васеъ намудани роҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастур дода шуд, ки роҳ барои рафту омади мардум хусусан дар фасли сармо беҳтар карда шавад.

Баъдан Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷараёни сохтмони 8 синфхонаи иловагии МТМУ №29 дар деҳаи Кулихуҷа дидан намуда, бо омӯзгорон ва фаъолони деҳа суҳбати самимӣ анҷом дод. Зимни баромад роҳбари ноҳия қайд намуд: — “Мардуми шарафманди ноҳия, аз ҷумла сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон барои обод намудани диёри хеш зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат дар ҳама маврид саъйу ҷаҳд менамоянд. Шукрона мекунем, ки дар ватани ором, ободу озод зиндагӣ дорем. Аз ҳамин лиҳоз сохтмони 8 синфхонаи иловагиро дар мудати кутоҳ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор диҳем, то насли оянда аз мо розӣ бошад.”

Боздиди корӣ дар майдончаи варзишӣ, бинои мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона, ҳолати клубҳо ва дигар ишоотҳои ҳаётан муҳими деҳаи Мулломир ҷараён гирифт. Бояд қайд намуд, ки дар раванди вохӯрӣ вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта ба роҳбари ноҳия корафтодагон муроҷиат карданд ва масъалаву муаммаоҳои ҷойдошта пурра ҳалли хуро дарёфт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.