АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИРО АЁДАТ НАМУД.

 482 боздид

      Дар арафаи таҷлили 30 солагии Артиши миллӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо шахсони масъул иштирокчиёнии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодир ва Ҳоҷиев Қушқорбойро аёдат намуд.

     Зимни ташриф роҳбари ноҳия номаи шодбошӣ тақдим намуда, таъкид дошт, ки мактаби мардонагӣ ва пайроҳаи зиндагии онҳо барои ҷавонони имрӯза намунаи ибрат аст.

      Иштирокчиёнии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодир ва Ҳоҷиев Қушқорбой ба Шӯҳрат Муҳаммадзода барои таваҷҷӯҳ ва эътибори воло изҳори сипос намуданд. Пирони барнодил, ки ҳоло дар фазои ободу озоди Тоҷикистон умр ба сар доранд, зимни дуои хайр таъкид намуданд, ки дар кишвар оромӣ ва ободӣ ҳамеша ҳукмфармо бошад.

  Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.