15.03.2023
Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сафари корӣ анҷом дод.
Раиси ноҳияро роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. Нахуст, Шӯҳрат Муҳаммадзода дар даромадгоҳи ноҳия бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар роҳи протоколӣ ҳамшафат ҷойгир шудаанд, мулоқот доир намуд. Зимни суханронӣ роҳбари ноҳия баён дошт:
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба сабзу хуррамсозӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Аз ин лиҳоз,тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ, хусусан хоҷагиҳое, ки дар паҳлӯи роҳи протоколӣ Ашт-Ғафуров-Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон ҷойгир мебошанд, ба шинонидани дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, тозаву озода нигоҳ доштани атроф, сафеду ба шакл даровардани дарахтон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.”
Сипас, Раиси ноҳия аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷобир”, “Анис”, “Масрур”, “Чорбоғ”, “Ниҳолпарвар”, “Мадалӣ”, “Дурахшон”, “Ҳамзалӣ”, “Шоҳид”, “Ваҳдат” қади роҳи протоколӣ, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод воқеъ мебошад боздид ба амал оварда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта эрод гирифт.
Дар идомаи сафари корӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Шодоба мулоқот ҷараён гирифта, вобаста ба ободсозии ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дода шуд.
Баъдан аз хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Ошоба дидан ба амал оварда, дар хоҷагии деҳқонии “Боғбон” аз ҷониби роҳбари ноҳия бо ҳамроҳи фаъолон ниҳоли ҳамешасабз шинонид шуд.
Сафари корӣ бо мулоқот бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Ифтихор идома кард ва аҳли заҳмат вазифадор гардиданд, ки дар фурсати кутоҳтарин камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ кунанд.
Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Ашт Раиси ноҳияро истиқбол гирифтанд ва аз ҷониби Шӯҳрат Муҳаммадзода дар хоҷагии деҳқонии “Шарифҷон” шинонидани ниҳоли ҳамешасабзи арча ҷараён гирифт.
Дар суҳбат роҳбарони хоҷагиҳое, ки заминашон ҳамшафати роҳи протоколӣ мебошад, барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва доим тоза нигоҳ доштани ҳудуди хоҷагӣ супориш гирифтанд.
Идомаи боздиди роҳбарияти ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пунук, махсусан дар ҳудуди гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд” давом кард:
“Туфайли сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибат дар ҳама самт самимӣ мебошад. Аз ин боис бояд хусусан гузаргоҳи сарҳади намуна бошад ва муомилаи хуб дар мадди аввал қарор гирад. Мо мардуми ноҳияи Ашт бояд дар сатҳи баланд меҳмононро қабул ва гусел намоем.”
Дар фарҷом ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ супориш дода шуд, ки давоми 7 рӯз тамоми камбудиҳо ислоҳ гардад ва гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои назорати супоришҳои Раиси ноҳия ва санҷиш пас аз муҳлати муқараргардида вазифадор гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия