АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА СИТОДИ КОРӢ ВОБАСТА БА ОБ БАРГУЗОР КАРД.

 867 боздид

05.02.2024

Имрӯз,  Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори идораи Беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо  ҷалби мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии бузург, роҳбарони ассотсиатсияи хоҷагиҳо, собиқадорони  соҳа ва  кормандони самти обёрӣ ситоди корӣ анҷом дод.

Ҳадаф аз мулоқот шинос шудан ба аз рафти таъмири мунтазами пойгоҳҳои обкашии ноҳия, пайваста таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо об, самаранок истифода бурдани техникаҳо ва раъфи камбудиҳо дар ин соҳа ҷойдошта, тоза намудани лойобаҳои пойгоҳҳои обкашӣ  мебошад.

Роҳбари  идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия-Бобалиев Махфиралӣ вобаста ба рафти таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ба ҳозирин гузориши муфассал дод.

Зимни баромади худ роҳбари ноҳия аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, баёни дошт:

«Туфайли сиёсати хирадманонаи Ҷанобӣ Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон  дар соли 2023  беш аз 8 фоиз рушд ёфта, Ватани азизамон хеле рушд кард. Соли гузашта бо дастгирии роҳбари давлат як моҳ пеш аз муҳлат барои фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ иҷозат дода шуд. Мебояд мо аз даврони ободу озод шукр намуда, фаъолиятро дар соҳаҳои хоҷагии халқ дучанд ба роҳ монем. Барои ин бояд пойгоҳҳои обкашӣ бетаваққуф ба роҳ монда шавад ва ин раванд метавонад барои бадаст овардани ҳосили фаровон мусоидат намояд. Дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳ ба самти обёрӣ хеле назаррас аст. Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода низ барои ба ҳолати омодабош қарор додани пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳия Ашт 500 ҳазор сомонӣ дастгирӣ намуданд, ки моро водор месозад корҳоро босифат ва бетаваққуф ба мавсими кишту кор омода бошем”.

Дар идома Раиси ноҳия ишора намуд, ки маблағи хизматрасонии идораи об бидуни қарздорӣ саривақт пардохт карда шавад.

Дар чорабнӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода барои пешравии кор ба масъулини соҳа ва собиқадорон мулоқоти озод анҷом дода, барои масъулин барои беҳтар ба роҳ мондани кор дастури амиқ дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.